Онҳо хомӯширо авло донистанд-8

Вориси Бартлби

KafkaФранс Кафка (1883 – 1924)

Кафкаро вориси Бартлби хондаанд. Гӯё характерашро аз ӯ мерос гирифтааст. Шоир ва публисисти аргентинӣ Борхес дар хусуси Бартлби чунин гуфта буд: “Бартлби инъикосгари қатъии Кафка дар соли 1919 аст”. Кафка низ мисли қаҳрамонҳояш мудом афсурдаҳолиро аз сар мегузаронд ва барои бартараф кардани ин ҳолат нокифоя будани навсиандагиро таъкид мекард. “Инсонҳо ҳарчанд роҳ паймоянд аз нуқтаи ҳастӣ ҳамон андоза дур мешаванд”. Агар дӯсти ношираш Макс Брод он чиро ки аз вай боқӣ монда буд, нест мекард, ҳоло Кафка Бартлбии бенишонтарини олам буд. Ва ё мисли тамоми навиштаҳои инкориаш дар гирдоби фаромӯшӣ ба нестӣ мерафт.

Чилу панҷ сол хомӯш монд

emilioЭмилио Адолфо Вестфален (1911 – 2001)

Эмилио Адолфо Вестфален, баъд аз он ки бо омезиши шеъри Перу ва шеъри анъанавии Испаия ду маҷмӯаи ашъорашро таълиф намуд, чилу панҷ соли дигар чизе нанавишт. Бо вуҷуди ин шоир солҳои зиёд аз ёди мардум нарафт, балки хомӯшӣ барои бештар маъруфу шинохта шуданаш мусоидат кард. Ҳар боре аз вай мепурсиданд, ки чаро дигар наменависад, рӯяшро бо дасти чапаш мепӯшонд ва ҳамон як ҷавобро такрор мекард: “Ҳоло тайёр нестам!”

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s