Қаҳрамонҳои илҳомбахш (1)

Месси, Роналду, Хави, Неймар, Буффон, Гризман, ки тобонтарин ситораҳои футболи муосир ба шумор рафта, сар то сари ҷаҳон миллионҳо мухлис онҳоро дӯст медорад ва мафтуни ҳунарнамоияшон мебошад, дар кӯдакӣ футболбозони дӯстдоштаи худро доштанд. Масалан Златан Ибрагимович дар китоби тарҷумаҳолии худ иқрор шудааст, ки дар хурдсолӣ аз бозии Роналдои бразилиягӣ ба ваҷд меомад. Футболбозҳои дӯстдоштаи ситораҳои футболро дар шакли як ҳайати рамзӣ пешкаш мекунем.

Дарвозабон
Томас Н’Коно – Ҷанлуиҷи Буффон

Барои Тибо Куртуа, дарвозабони тими “Челси” ва мунтахаби Белгия, Икер Касиляс футболбози дӯстдоштаи даврони кӯдакиаш аст, Девид Де Хеа бошад мафтуни бозии Ҷанлуиҷи Буффон мебошад. Дар ҳамин ҳол худи Касиляс дарвозабони даниягӣ Питер Шмейхелро намуна интихоб мекунад. Ҳунари дарвозабони мунтахаби Камерун Томас Н’Коно ишқу шавқи Буффонро ба футбол ва хусусан ба дарвозабонӣ бедор кардааст. Буффон ҳатто писарашро ба хотири футболбози писандидааш Томас ном гузоштааст.

Ҳимоягарон
Мичел Салгадо – Дани Карвахал

Дани Карвахал ҳимоягари “Реал” дар синни 10-солагӣ ба мактаби футболи тими шоҳона ҷалб гардида, ба иқрори худи футболбоз аллакай ҳамон вақт қарор додааст, ки ба монанди Салгадо дар қаноти рости муҳофиза бозӣ хоҳад кард. “Аз даврони кӯдакӣ Мичел Салгадо футболбози дӯстдоштаи ман буд. Ман аз қувваю тавоноӣ ва қобилияти ӯ дар мубориза барои ҳар як тӯб ба ваҷд меомадам. Кӯшиш мекунам ба ӯ монанд бошам. Фақат ман бештар ба хати ҳамла моилам”, мегӯяд футболбоз.

Чиро Феррара – Фабио Каннаваро

Фабио Каннаваро – чемпиони ҷаҳон, соли 2006 барандаи ҷоизаи Тӯби тиллоӣ”. Ӯ зодаи шаҳри Неапол аст ва бешубҳа монанди дигар сокинони ин шаҳр мухлиси дастаи Наполи буд. Каннаваро аз бозии муҳофизагар Чиро Феррара ҳаловат мебурд. Як замон ба Фабио муаяссар шуд, ки бо футболбози дӯстдоштаи даврони кӯдакиаш дар дастаи “Наполи” китф ба китф бозӣ кунад, вале роҳи минбаъдаи ин футболбозон тағйир ёфт. Чиро ба “Ювентус” ва Фабио бошад соле баъд ба “Парма” гузашт. Каннаваро баъд аз 10 сол ба Турин омада буд ва онҳо боз бо ҳам дар як даста бозӣ мекарданд.

Роберто Беттега – Паоло Малдини

Паоло Малдиниро дар ёд доред? Яке аз беҳтарин футболбозони ин мавқеъ дар солҳои 90‐ум ва оғози асри нав ба ҳисоб меравад. Бисёр аз ситораҳои футболи замони муосир тарзи бозии ӯро меписанданд ва мехоҳанд ба ӯ монанд бошанд. Ҳимоягар ва капитани дастаи “Реал” Серхио Рамос яке аз мухлисони Малдини мебошад. Худи Малдини бошад дар хурдсолӣ мухлиси Роберто Баттега буд. Тасвирҳои ин футболбози афсонавии тими “Ювентус” ҳуҷраи Паолоро оро медоданд. Паоло Малдинии ҷавон аз он ғамгин буд, ки футболбози дӯстдошта ва намунаи ибраташ соли 1982 ҳамроҳи мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон шуда натавонистанд. Роберто Беттега бо сабаби ҷароҳати вазнин натавонист дар ин мусобиқот ширкат варзад.

Паоло Мальдини – Серхио Рамос

Ҳарчанд Серхио Рамос ҳамчун футболбози дӯстдоштаи худ Фернандо Йерроро (собиқ футболбози “Реал”-и Мадрид) номбар кунад ҳам, лекин аз бозии Паоло Малдини ҳаловат мебурд. Рамос қайд мекунад, ки Малдини барои ӯ дар ҳама кор, на танҳо ҳамчун ҳимоягар, балки барои муноисбат ба касб, вафодорӣ ба даста ва рафтори мардона дар майдони футбол намунаи ибрат аст. Пироҳани Малдини дар коллексияи Серхио Рамос ёдгории асосӣ ба шумор рафта, мақоми хос дорад.

(давом дорад)


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s