Ҷойи хоби навзодро ҳамоно аз худ ҷудо накунед! (1)

Вақте навзод ба дунё меояд, ҷойи хобашро ҳамоно аз худ ҷудо накунед. Агар имкон бошад, ҳафтаҳои аввал рахти хобаш ба рахти хоби волидайн, бахусус ба модар наздик ҷой гирад. Зеро ҳар вақте ҳоҷат барои нигоҳубини кӯдак лозим мешавад, ё кӯдак таваҷҷӯҳ ва меҳрубонии волидайнро талаб мекунад, ҷойи хобаш дастраси падару модар бояд бошад. Бахусус модар ҳар дам нафаскашии кӯдакро бояд ҳис кунад. Дар навбати худ кӯдак низ бӯйи модарашро гирифта меистаду ҳамин тавр ором мехобад. Чунин робита миёни волидайн ва фарзанд аз рӯзҳои аввал барои рушди солими ҷисмониву равонии кӯдак нақши муҳимро мебозад.

Аллакай ба касе пӯшида нест, ки барои рушди солими кӯдак таваҷҷӯҳи волидайн муҳим аст. Таҳқиқот исбот кардаанд, ки ҳатто баъд аз сонияҳои аввали таваллуди кӯдак ҳар таваҷҷӯҳ ба меҳрубонии хурде, ки нисбат ба ӯ изҳор мегардад, дар оянда барои ташаккули шахсияти созанда нақши муҳимро мебозанд. Аз ин ҷост, ки солҳои зиёд боз дар тибби ватаниямон ҳам таҷрибаи баъд аз таваллуд шудани навзод ӯро ҳамоно болои синаи модараш гузоштан амалӣ карда мешавад. 

Илова ба ин, дар рӯзҳои баъдӣ низ модар бояд ӯро ҳар дам ба оғӯш гирифта, ҳангоми ширмаконӣ ғамхорӣ кунад. Зуд-зуд навзодро болои баданаш гузошта, ҳамроҳаш гап занад. Муҳитро шиносонида, ашёву рангҳои дар атроф бударо нишон диҳад. Ҳамчунин барояш шеъру сурудҳои навозишдиҳанда хонда, тариқи асбобҳои электронӣ мусиқиҳои таскинбахш монад. Ҳатто, агар имкон бошад, модар навзодро ҳамроҳи худ ба меҳмониву сӯҳбатҳои калонсолон барад. Вале бояд аз зиёрати маконҳои пурғалоғула, гӯшхарош, бадбӯй, касифу наҳс ҳазар кунад. Бахусус навзодро аз маъракаҳои тӯёна, ки мардуми тоҷик дар онҳо суруду мусиқиро аз ҳад зиёд баланд гӯш карданро дӯст медорад (то ҳол касе ба умқ ва ҳикмати ин масъала нарасидааст), бояд дур нигоҳ дошт.

(давом дорад)


2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s