Қаҳрамонҳои илҳомбахш (2)

Нимҳимоягарон
Жоан Мику – Тони Крос

Чемпиони ҷаҳон, ғолиби дукаратаи Лигаи чемпионҳо Тони Крос дар хурдсолӣ мафтуни маҳорату қобилияти тӯбронӣ ва майдондории Жоан Мику нимҳимоягари Вердер шуда буд. Ӯ орзу дошт бо пироҳани рақами 10 дар тан, ки Мику таҳти он бозӣ мекард, дар кӯча тӯб биронад ва дар 13‐умин солгарди зодрӯзаш волидайн ин орзуи футболбози ҷавонро амалӣ карданд. “Мику бозии дастаро назорат мекард, барои ҳамин ман ӯро бузург мешуморидам”, мегӯяд Крос. Дар ҳоли ҳозир худи Тони Крос яке аз беҳтарин плеймекерҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Пабло Аймар – Лионел Месси

Криштиану Роналдуи португалӣ симои ягона ва такрорнашавнда‐и шахсияти худро ҳифз карда, ҳатто иқрор намекунад, ки дар кӯдакӣ кадом футболбозро мухлисӣ мекард. Лео Месси бошад мухлиси ашадии Пабло Аймар аст, махсусан замоне, ки Аймар дар дастаи “Ривер Плейт” (Аргентина) бозӣ мекард. Месси дар мусоҳибаҳо иқрор шуда, ки дар кӯдакӣ сайъ мекард тарзи бозӣ ва техникаи тӯбронии Аймарро тақлид кунад. Чунон ҷидду ҷаҳд кард, ки дар бисёр ҷанбаҳо аз футболбози дӯстоштааш фарсахҳо пеш гузашт.

Бернд Шустер – Хави

Бернд Шустер дар “Барселона” 8 сол бозӣ карда, сипас ба Реал гузашт ва баъдан дар курсии мураббигии тими шоҳона низ нишаст. Вале Хави бе тешвиш изҳор мекунад, ки ҳатто баъд аз гузариши Шустер ба Мадрид мухлиси ӯ буд. “Ман аз Бернд Шустер бисёр чизҳоро омӯхтам ва дертар онҳоро дар майдон амалӣ намудам. Ӯ бозигари дӯстдоштаи даврони кӯдакии ман буд”, гуфтааст Хави.

Зинедин Зидан Эден Азар

Яке аз беҳтарин нимҳимоягари футболи Аврупо ва тими Челси Эден Азар рақами 10‐ро ба хотири футболбози маъруф Зинедин Зидан, ки дар ҳайати мунтахаби Фаронса бо ин рақам бозӣ мекард, интихоб кардааст. Эден Азар мехоҳад ба Зидан монанд бошад, вале барои расидан ба қуллаҳое, ки футболбози фаронсавӣ расидааст, мебояд хеле талош кунад. Азар умед дорад рӯзе ба монанди футболбзои дӯстдоштааш бозигари бузург шавад.

Ҳамлагарон
Роналдо – Златан Ибрагимович

Бешубҳа, яке аз маҳбубтарин футболбоз миёни бозикунони хати ҳамла ва умуман миллионҳо мухлиси рӯйи Замин ин Роналдо (Бразилия) аст. Роналдо бо маҳорати беҳамтояш натанҳо футболбозон, балки дили ҳазорон мухлисро тасхир кардааст. Златан Ибрагимович дар китоби тарҷумаҳолии худ иқрор кардааст, ки дар хурдсолӣ аз бозии Роналдои бразилиягӣ ба ваҷд меомадааст. Ӯ қайд мекунад: Роналдо ҳунари афсонавӣ дошт. Фикр мекунам, то вай касе чунин бозӣ намекард. Имрӯз ҳам касе қодир нест”.

Майкл Оуэн – Серхио Агуэро

Ҳамлагари тими “Манчестер Сити” Серхио Агуэро дӯстдори ҳунари Майкл Оуэн аст. Маҳз бозии Оуэн мароқи футболбози аргентниро ба “Премйер лига”-и Англия бедор кардааст. Агуэро гуфтааст, ки аз “Ла Лига” ва “Сериа А” дида чемпионати Англия ба ӯ бештар писанд аст.

– таҳияи Достиев Неъмат


Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s