Ҷойи хоби навзодро ҳамоно аз худ ҷудо накунед! (2)

Волидайн бояд навзодро қадам ба қадам бо муҳит ва атрофиён шинос кунонанд. Ҳамин тавр маҷбур накарда ӯро метавон аз лаззату равоеҳи гуногун чашонид. Дасту пояшро нозукона ҳаракат карда, моторикаи баданро ба кор даровард. Чунин машқҳои сабук мушакҳояшро қувват мебахшанд. Диққаташро ба ашё ва рангҳои гуногун ҷалб кунад. Ҳамин тавр кӯдак бо муҳит шиносоӣ пайдо карда, боварияш бештар мегарададу худро дар амон ҳис мекунад.

Ҳарчанд ҳаёти муосири осемасарӣ ба волидайн имкон намедиҳад, ки ҳар чӣ бештар вақтро ҳамроҳи фарзандон сипарӣ кунанд, вале солҳои аввали таваллуди навзод ӯ ба чунин таваҷҷӯҳи падару модар эҳтиёҷи зиёд дорад. Зеро бинобар чунин таваҷҷӯҳи солҳои аввал шахсияти навзод то охири умраш шакл мегирад. Аксар нафарони калонсоле, ки ба худ боварӣ надоранду тарсӯянд, ё дағалу бадхашманд, дар хурди аз ин гуна таваҷҷӯҳи волидайн маҳрум мондаанд. Бахусус дар солҳои аввал ҳамоно ҷудо накардани ҷойи хоби навзод нақши зиёд мебозад. Азбаски дар назари кӯдакон вақти шаб вақти даҳшатовар аст, дар ин ҳангом аз волидайн дур мондан онҳоро хавотир мекунад. Навзодоне, ки ҳамроҳи волидайн дар як ҳуҷра мехобанд, қобусҳои шабона намебинанд, аз торикӣ наметарсанд, нимхоба шуда асабӣ намешаванд ва хобашон нисбатан солим аст. Зеро онҳо ҳар доим дар назади волидайн худро ором ва дар амон ҳис мекунанд.

Равоншиносон иброз медоранд, овони муносибе, ки метавон ҷойи хоби кӯдакро аз волидайн алоҳида кард, ин 3 ё 4-солагӣ аст. Илова ба ин, агар дар як оила фарзандони ҳам писар ва ҳам духтар мавҷуд бошанд, баъд аз 7 ё 8-солагӣ алоҳида кардани ҷойи хоби онҳо аз ҳам низ тавсия карда мешавад. Зеро дар ин овон онҳо аллакай ба дарки ҷинсияти хеш расида, дар як ҳуҷра хоб карданашон ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам аз ҷиҳати урф дуруст нест. Ҳамчунин ҷудо кардани ҳуҷраҳои хоби духтар ва писар барои дарк ва рушди ҷинсияшон мувофиқтар хоҳад буд.


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s