Депрессия ва сактаи дил

Солҳои охир зиёд шудани бемориҳои марбут ба системаи дилу раг ба пиру ҷавон ҳушдор медиҳанд, ки ба саломатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли намак дар хӯрокҳои ҳаррӯза камтар карда шавад ва мунтазам иҷрои машқҳои ҷисмонӣ бояд ба одати ҳамарӯза табдил ёбанд. Бахусус барои сиҳат нигоҳ доштани дил тадбирҳои лозим андешида шаванд.

Ба назари кардиологҳо инсон барои ҳифзи саломатии худ бояд дар ҳама гуна ҳолату шароит ба ҳаёт ва ояндаи хеш хушбин бошад. Иҷрои ин қоида агарчӣ одамони зиёдро дарбар нагирад ҳам, дар маҷмӯ барои ҳифзи солимии дил ва тарзи ҳаёти имрӯзаи мо муфид аст. Аз ин рӯ кардиологҳо одамонро ба гурӯҳҳои А ва Б ҷудо мекунанд.

Одамони гурӯҳи А бештар асабиянд, зуд ба қаҳру ғазаб гирифтор мешаванд, рӯҳафтода ва ҳама чизро аз ҳад зиёд ба дил наздик мегиранд. Нафарони гурӯҳи Б бошанд сабур, таҳаммулпазир ва аз ҳодисаҳо камтар мутаассир мешаванд. Аз ин рӯ тадқиқот дар ин самт муайян кардааст, ки хатари гирифторшавии бемориҳои марбут ба системаи дилу раг дар одамони гурӯҳи А бештар аст. Мушкилии дигаре, ки метавонад одамонро гирифтори ин бемориҳо кунад, танҳоӣ аст. Миёни ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ (депрессия) ва бемориҳои дилу раг робитае мавҷуд аст. Аз ин рӯ инсонҳоро зарур аст аз маконҳои ҷамъиятӣ худро канор нагиранд ва агар аз ин беморӣ аллакай ранҷ мебурда бошанд, чӣ гуна бо он зиндагӣ карданро омӯзанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Садбарг ҳам шифо аст!

Бемории Алзоймер ва тадбирҷӯӣ

Тухм аз саратони ғадуди шир муҳофизат мекунад

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s