Агар кӯдак мегириста бошад

on

Аз сонияҳои аввали таваллуд шудан, навзод ҳаёташро гурякунон сар мекунад. Баъдан, ҳар вақте тагашро тар мекунад, хунук мехӯрад, ягон ҷояш дард мекунад ё ҳар вақте гурусна мемонад, волидайн ва атрофиёнашро бо гиря аз беҳузуриву эҳтиёҷи доштааш огоҳ мекунад. Баъд аз чанд моҳи таваллуд шудан бошад, навзод нисбат ба садоҳои баланд ва ҳаракатҳои аламовару дарднок ҳассостар гашта, ин ҳолаташро бо садои гиряи баланд изҳор мекунад.

Вақте моҳҳои баъдӣ кӯдак ба дарки он мерасад, ки бо гиря кардан ӯ метавонад эҳсосоти худро ба атрофиён ифода кунад, аз он зуд-зуд истифода мекунад. Ҳамин тавр, агар кӯдак аз модараш дур монад, гиря мекунад. Дар ин маврид кӯдак нишон медиҳад, ки вай дар орзуи таваҷҷӯҳ, шафқат ва меҳри модараш аст.

Баъзе волидайн гумон мекунанд, ки агар нисбат ба кӯдаки гирён аксуламал нишон дода, ба ӯ дод зананд ё дағалӣ кунанд, вай тарсида ором мешавад. Равоншиносон ин усули робита бо кӯдакро ваҳшиён номида, ба таври қатъӣ зикр мекунанд, ки чунин аксуламал дуруст нест. Онҳо тавсия медиҳанд, ки ҳангоми гиря кардани фарзанд, беҳтар аст волидайн ӯро меҳрубонӣ карда ба оғӯш гиранд. Ҳар вақте бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи падару модараш кӯдак садоҳои пуралам мебарорад, сӯяш назар карда табассум кунанд. Агар волидайн он замон бо кори на он қадар муҳиме машғул бошанд, он корро як сӯ гузошта, диққатро бапуррагӣ ба фарзанд диҳанд.

Одатан кӯдакони аз 1 то 2-сола барои ифодаи эҳсосоти худ, ба мисли дарду алам, гиря мекунанд. Ҳар вақте аз дасташ бозича гирифта мешавад ё хоҳишаш ба ҷой оварда намешавад, вай ҳамоно гиря карда, пойҳояшро ба замин мезанад.

Вақте кӯдак 3-сола мешавад, аллакай дар умум тамоми эҳсосоташ инкишоф ёфта, изҳори онҳо гуногун буда метавонанд. Ҳамин тавр тариқи гиря ӯ метавонад ҳисси нафрат, рашк, гарданшахӣ ва ҳатто хурсандиро ҳам ифода кунад. Ҳарчанд эҳсосоти мазкур ҳоло дар шакли ибтидоӣ рӯ ба инкишофанд, вале ҳангоми бозӣ кардан бо дигар кӯдакон, бо сабаби теладиҳиву муноқишаҳо бо гиря кардан аз худ дарак медиҳанд.

Дар синни аз 4 то 6-солагӣ пас аз бохту мағлубшавӣ ҳангоми мусобиқаҳову бозиҳои гуногун, кӯдак аз таассуроти худ тариқи гиря кардан хабар медиҳад. Солҳои баъдӣ, вақте кӯдак қадамҳои аввалинашро дар муассисаи таълимӣ мегузорад, бинобар тағйири муҳит ва чеҳраҳои ношинос вай худро нороҳат ҳис карда, чунин ҳузнашро бо гиря ифода мекунад. Вале дар баробари калоншавӣ гирякуниҳои кӯдак ҳамчун изҳори эҳсосоти манфӣ ё ифодаи ҳолати ғаму андӯҳ камтар мешаванд.


Дар оила ҳузур ва осоиштагӣ ҳукмрон бояд бошад

Ҷойи хоби навзодро ҳамоно аз худ ҷудо накунед!

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s