Варзиш инсонро оқилтар мекунад (1)

Машғул шудан бо варзиш яке аз беҳтарин василаи ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани нишоти ҳаёт аст. Иҷрои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ натанҳо бадан, балки майнаи сарро низ солим ва фаъол нигоҳ медоранд.

Қавӣ намудани ҳофиза

Майнаи сар ба монанди дигар мушакҳои бадан ба машқ ниёз дорад. Аз нигоҳи олимон машқҳои ҷисмонӣ мисли давидан, аэробика ва рақсҳои варзишӣ ба кори ҳуҷайраҳои майнаи сар таъсири мусбат мерасонанд. моҳияташ ин аст, ки кардиомашқҳо раванди тавлиди нейронҳои навро дар “гипокамп” (қисмати масъули ҳофиза, омӯзиш ва ҳиссиёт дар майнаи сар) фаъол мекунад. Аз ин рӯ ҳар чӣ қадар зиёд машқ кунем, ҳамон қадар азхуд кардани маълумотҳои нав осонтар мешавад.

Илова ба ин муҳаққиқони олмонӣ муайян кардаанд, ки сайругашт ва велосипедронӣ ҷиҳати зуд ёд гирифтани калимаҳои забони хориҷӣ кӯмак мекунанд.

Диққат

Бинобар иддаои Тодд Эсторино ҷонишини профессори кинезиология дар донишгоҳи Калифорния, одамоне, ки мунтазам бо варзиш машғуланд, кормандони пурмаҳсул ва бодиққаттаранд. Фаъолиятҳои ҷисмонӣ дар ташаккули механизми ба истило вазифаҳои иҷроия (пайдарпайӣ, хотираи корӣ, малакаи гузоштани авлавиятҳо) дар майнаи сар кӯмак мекунанд. Барои аз худ кардани ин малакаҳо чемпиони олимпӣ будан шарт нест. Дар як рӯз танҳо 30 дақиқа сайругашт кардан кифоя аст.

Дар Амрико табибон ба кӯдакони гиперактив ва ихтилоли нуқси диққат бар ивази табобат бо доруворӣ, фаъолиятҳои ҷисмониро тавсия медиҳанд. Масалан, Майкл Фелпс шиновари маъруфи амрикоӣ ва чемпиони 26‐каратаи бозиҳои олимпӣ аз чунин мушкилӣ ранҷ мебурд ва бо тавсияи духтурон ба намуди варзиши шиноварӣ ҷалб гардидааст.

(давом дорад)


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s