Шаппотӣ

Рӯзе ду дӯсти ҷонӣ ҳамроҳ ба сафар мебароянд. Дар биёбон баъд аз хеле зиёд роҳ паймудан миёнашон сардие мегузараду бо ҳам муноқиша мекунанд. Яке тоқат накарда, дигариро як шаппотӣ ба рӯяш мезанад. Оне, ки шаппотӣ ба рӯяш хӯрд, дилшикаста шуда, болои қум чунин менависад: “Имрӯз дӯсти ҷониям маро шаппотӣ зад!”

Ду дӯст боз ба роҳашон давом медиҳанду ба воҳае мерасанд. Дар он воҳа кӯле буд. Ва ду дӯст қарор медиҳанд, ки дар он оббозӣ кунанд. Ногаҳон оне, ки ба рӯяш шаппотӣ хӯрд, қариб буд дар об ғарқ шавад. Вале дӯсташ ҳамоно ба имдодаш расида, ӯро наҷот медиҳад. Дӯсти шаппотихӯрда каме ба худ омада, аз ҷой бармехезаду ба назди санги калоне меравад. Рӯ ба рӯи санг истода, болои он чунин менависад: “Имрӯз дӯсти ҷониям маро наҷот дод!”

Оне, ки ба рӯи дигарӣ шаппотӣ зада буд, аз дӯсташ мепурсад:

– Вақте ба рӯят шаппотӣ задаму ҷонат дард ёфт, аламатро болои қум навиштӣ; вале, вақте аз ғарқшавӣ наҷот додам, болои санг нақш кардӣ! Чаро?

Дӯсташ чунин посух медиҳад:

– Ҳар вақт ки касе дили моро озурда мекунад, онро бояд болои қум нависем. То ки насими бахшидан онро тоза кунад. Вале, ҳар вақт касе бароямон некӣ мекунад, онро бояд болои санге нақш кунем, ки ҳеҷ як шамол натавонад ёди онро аз байн барад!

Аламро болои қум навиштан ва некиро болои санг нақш карданро омӯзед!

Шахси мустасноро пайдо кардан як дақиқа, вале фаромӯш карданаш як солро мегирад.


Занҷирро машикан!

“Маро қабул накарданд!”

Салом, эй тимсоли вафо!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s