Изҳори меҳру муҳаббат ба кӯдак бо роҳи ба ӯ аҳамият додан, амнияташро таъмин кардан, барои рушди шахсияти солим ӯро озодӣ додан, бо ӯ мутабассим будан, дар вақти мушкилоту душворияш ӯро дастгирӣ кардан имкон дорад. Агар дӯстдории фарзанд танҳо бо сухани “Ман туро дӯст медорам!” изҳор карда шавад, ифодаи меҳри волидайн ноқис хоҳад монд. Дар баробари ин суханон ҳамчунин меҳру муҳаббатро мебояд бо амалу рафтори хайру нек нишон дод.
Кӯдак то ба синну соли мактабӣ расидан меҳри волидайнро аз ифодаи рӯйи онҳо мефаҳмад. Ва ҳар вақте дар симои падару модар табассуме ҳувайдо мегардад, фарзанд шод мешавад. Бинобар арзишҳои миллӣ-фарҳангиямон табассум кардан ба мисли садақа додан кори хайр аст. Аз ин рӯ ҳар чӣ бештар барои хайри фарзанд мутабассиим бошед!
Вақте кӯдак ба синни шашсолагӣ мерасад, аллакай робитаҳои дигари иҷтимоиро низ фарқ мекунад. Онҳо ба монанди калонсолон робитаи “муҳаббат дуҷониба аст”-ро дарк мекунанду барои шод гаштани волидайн ҳам ҷаҳд мекунанд. Онҳо ба дарки ин мерасанд, ки муҳаббат нозук аст ва онро бояд ҳифз кард. Дар баробари ин онҳо дарк мекунанд, ки ҳеҷ вақт ғазаб меҳрро коста намекунад. Хулас, изҳори меҳру муҳаббат ба кӯдак муҳим буда, барои инкишофи равонии ӯ аҳамияти зиёд дорад. Ва ҳаргиз аз хотир набароред, ки ифодаи муҳаббат танҳо бо сухан ноқис монда, онро бояд бо рафтор ва амалҳои нек тақвият дод.
2 Comments Add yours