Варзиш инсонро оқилтар мекунад (2)

Эҷодиёт ва IQ

Тамринҳои мунтазам барои тавлиди серотонин (гормони хушбахтӣ) ва афзоиши оксиген дар майнаи сар мусоидат мекунанд ва ин дар навбати худ ба қобилияти фикрронии возеҳтар ва эҷодкорӣ таъсири мусбат мерасонад. Бисёр аз шахсиятҳои маъруф, ки корашон ба маҳсули фикрӣ ва эҷодиёт рабт дорад, субҳ ё рӯзи худро бо машқҳои ҷисмонӣ оғоз мекунанд. 

Натиҷаи тадқиқоти Лоренсо Колсато ва Жюстин Паннекок аз Донишгоҳи Лейден (Ҳолланд) нишон додааст, ки нафарони мунтазам машғули фаъолиятҳои ҷисмонӣ назар ба одамони камҳаракат метавонанд бештар ақидаҳои ҷолиб пешниҳод намоянд. Олимони шведӣ бошанд тарзи ҳаёти зиёда аз миллион нафар ҷавонони синну соли аз 15 то 18-соларо омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳаёти фаъоли ҷисмонӣ дар баробари фаъолияти дилу рагҳоро ба низом даровардан, ақлу заковатро низ қавӣ мегардонад.

Рӯҳия 

Машқҳои мунтазами варзишӣ масуниятро қавӣ карда, ба майнаи сар дар мубориза ба муқобили афсурдаҳолӣ ва хастагӣ кӯмак мекунанд. Нафароне, ки ҳаёти варзишии фаъол доранд, худро назар ба нафароне, ки тарзи ҳаёти камҳаракатро тарҷеҳ медиҳанд, хушбахттар эҳсос мекунанд. Бар хилофи пиндоштҳои маъмул, ҳуҷайраҳои асаб барқароршавандаанд. Иҷрои мунтазами машқҳои ҷисмонӣ ба ин раванд мусоидат мекунанд.

Ҳаҷм

Муҳаққиқони Донишгоҳи Иллинойс (Чикаго) муайян кардаанд, ки ҳаҷми майнаи сари инсон дар натиҷаи тамринҳои мунтазам калонтар мешавад. Мутахассисон 59 нафари солим, вале камҳарактро таҳти омӯзиш қарор доданд. Тули 6 моҳ як қисми ин нафарон ба навъи тамринҳои аэробика ва стретчинг ҷалб гардиданд. Баъд аз 6 моҳ муҳаққиқон дар майнаи сари гурӯҳе, ки бо аэробика машғул буданд, калоншавӣ ва зиёд шудани моддаҳои хокистарию сафедро мушоҳида карданд. Дар гурӯҳе, ки нафаронаш бо стретчинг машғул буданд, чунин тағйрот ба қайд гирифта нашудааст.

– таҳияи Достиев Неъмат


Депрессия ва сактаи дил

Истеъмоли сабзавот ва меваи мавсимӣ зарур аст

Бемории Алзоймер ва тадбирҷӯӣ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s