Ҷигарро саломат нигоҳ доред!

Равғанбандии ҷигар яке аз мушкилоте мебошад, ки агар чораҷӯӣ карда нашавад, барои саломатии инсон зиёни ҷиддӣ оварда метавонад. Чун ҳар дардеро давоест, пешгирии чунин мушкилӣ имконпазир аст. Ва яке аз чунин давоҳои муҳим таваҷҷӯҳ ба хӯрду хӯроки рӯзмарра мебошад. Ғизоҳое, ки дар ин матлаб зикр мегарданд, барои пешгирии равғанбандии ҷигар муассир буда, организмро сиҳҳат нигоҳ медоранд. Вале танҳо бо ин маълумот кифоят накарда, агар мушкилие бо ҷигар дошта бошед, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед:

Об бо лиму

lemon.jpgБарои тоза нигоҳ доштани ҷигар ҳар пагоҳӣ дар як стакан оби ширгарм шарбати лимуро ҷафида нӯшед. Чунин одати пагоҳирӯзие, ки ҳангоми шиками гушна ба ҷой оварда мешавад, ҷигарро аз моддаҳои зарарнок (токсинҳо) тоза мекунад. Ҳамчунин бинобар витамини С, ки дар таркиби лиму мавҷуд аст, масунияти бадан тақвият мегирад. Фаъолияти метаболизми организм ба низом даромада, аз қабзияти меъда раҳо мекунад.

Авокадо

avocado.jpgАвокадо меваест, ки дар соҳаи тиб ва ҳифзи ҳусни бадан васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин табибон қайд мекунанд, ки барои тағзияи бадан бо равғанҳои фоидаовар, хазинаи мақбултарин аст. Илова ба ин модда ва элементҳои фоидаовари авокадо ҷигарро низ ҳифз карда, барои фаъолияти солими он мусоидат мекунад. Муҳаққиқони ҷопонӣ муайян кардаанд, ки авокадо ҷигарро аз таъсири таҳлукаовари токсини навъи галактозамин тоза мекунад.

Зардчӯба

kurkuma.jpgЗардчӯба ё зарчӯба навъи растаниест, ки ҳамчун забуда ҳангоми таъомпазӣ ба кор бурда мешавад. Растании мазкур баданро аз илтиҳоб нигоҳ медорад. Ҳамчунин зардчӯба организмро аз бемории саратон ва бемориҳои вобаста ба ҷигар ҳифз мекунад. Фаъолияти метаболизмаро ба низом дароварда, аз додугирифти сиҳати ғизоро ба роҳ мемонад.

Оби тоза бисёр нӯшед

glass of water

Яке аз роҳҳои муассир ва қулайтарини сиҳат нигоҳ доштани ҷигар, ин дар як шабонарӯз 6-8 стакан оби тоза нӯшидан аст. Чунин одати фоидабахш гурдаро аз намак тоза карда, барои харобшавӣ низ мусоидат мекунад. Нигоҳ доштани меъёри оби бадан барои фаъолияти дурусти организм муҳим аст. Бахусус дар рӯзҳои гарми тобистон ҳатман оби тозаро бисёр нӯшед. Дар баробари ин ҷигарро аз равғнабандӣ низ ҳифз мекунед.

Истеъмоли шакар ва ордро камтар кунед

sugar.jpgАз истеъмоли барзиёди маъмулоти орддошта ва шакари зиёд даст кашед. Зеро организм дар баробари шакар ордро ҳам ба равған ва холестерол табдил медиҳад. Равғани дар бадан бо ин роҳ пайдошуда дар миён, шикам, ронҳо ва дигар дигар қисматҳо захира шуда, боиси фарбеҳшавӣ мегардад. Ҳамин тавр сатҳи баланди триглисерид ба мушкилоти фаъолияти дил оварда мерасонад. Ҳамчунин равғнаҳои дар бадан ҷамъшуда сабаби равғнабандии ҷигар ҳам мешаванд, ки дар ҷамъ ба чӣ оқибат расонидани ҳамаи ин мушкилот бе он ҳам ба соҳибақл маълум аст.

Сир

garlicЯк дона сир дар таркибаш элементҳои зиёди барои организм фоидабахшро доро аст. Яке аз фоидаҳои маъруфи ин сабзавот тақвият бахшидан ба масуният ва ҳифзи организм аз вирус ва бактеияҳои гуногун аст. Азбаски таркиби сир бо элементи сулфур ғанӣ аст, барои истеҳсоли энзимҳо, ки барои фаъолияти солими ҷигар муҳиманд, кӯмак мерасонад.

Карами брюсселӣ

cabbage.jpgТаркиби карами брюсселӣ, ки аллакай дар бозорҳои ватанӣ низ онро пайдо кардан мумкин аст, аз моддаҳои барои бадан фоидабахш ғанӣ мебошад. Ва яке аз чунин моддаҳо як навъи сулфур мебошад, ки глюкозинолат ном дорад. Ин таркиб барои тоза кардани бадан аз ҳар гуна токсинҳо ва моддаҳои кимиёвии барои организм зараровар тоза мекунад.

Чойи кабуд

benefits-of-green-teaДоир ба таъсири чойи кабуд ба организми одамӣ, бахусус дар фарҳанги тоҷикона, аз қадим боз маълумоти зиёд мавҷуд аст. Моддаҳои дар таркиби чойи кабуд мавҷудбуда организмро аз таъсирҳои зараровари алкогол, варам ва бемориҳои гепатит эмин нигоҳ медоранд. Хусусан моддаи катехин, ки барои мубориза бо саратон муассир аст, нӯшидани чойи кабудро ҳатмӣ мекунад. Ҳамчунин барои тоза кардани равғани дар ҷигар ҷамъшуда кӯмак мерасонад.


Варзиш инсонро оқилтар мекунад

Бемории Алзоймер ва тадбирҷӯӣ

Садбарг ҳам шифо аст!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s