Аҳамияти вақтгузаронии муфид ҳамроҳи кӯдак

То синни шашсолагӣ барои рушди солими ҳам ҷисмонӣ ва ҳам равонии кӯдак ҳар сонияи қаробати волидайн бо фарзанд муҳим аст. Чунин робитаи ғамхорона ва таваҷҷӯҳи хоса барои инкишофи заковат ва камолоти рӯҳӣ заминаи қавиро хоҳад гузошт.

Ҳангоми вақтгузаронӣ бо фарзандро волидайн фоиданок истифода бурда, диққатро пурра ба ӯ диҳанд. Дар ин асно кӯдак ҳис мекунад, ки ӯро дӯст медоранд ва ӯ барои падару модараш азиз аст. Дар навбати худ чунин қаробати созанда дар кӯдак ҳисси амн ва боварӣ ба худро тарбия медиҳад. Оилае, ки ба “вақтгузаронии муфид” аҳамият медиҳад, хурдсолонаш соҳибинтизом, қавиирода, масъулиятшинос ва нисбати ҳолатҳои стрессӣ усутувортар ба воя мерасанд.

Гузашта аз ин волидайн ҳангоми чунин вақтгузарониҳо тавсиф ва хислати фарзандро беҳтар шинохта, барои тарбия ва рушди солими ӯ қадамҳои созандатар мегузоранд. Кӯдак низ аз ин навъ қаробат баҳра бурда, робитаҳои иҷтимоияшро бо атрофиён накӯтар месозад.

Дар ин миён бояд қайд кард, ки зери ибораи “вақтгузаронии муфид” ҳамроҳаш соатҳои тӯлонӣ телевизор тамошо кардан, ё ҳангоми бо корҳои шахсӣ машғул шудан, кӯдакро бо чизе дар назди худ овора карданро дар назар надорем. Чунин вақтгузаронӣ бояд аз муколама ва муроқибат бо кӯдак иборат бошад.


Дар оила ҳузур ва осоиштагӣ ҳукмрон бояд бошад

Кӯдак ба меҳру муҳаббат эҳтиёҷ дорад

Кӯдак, ҷиҳозҳои электронӣ ва олами маҷозӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s