Дар фасли баҳор аксарият аз камхобӣ ва хастагӣ шикоят мекунанд. Коршиносон барои бартарафи он истеъмоли ғизои солим ва бо варзиш машғул шуданро тавсия медиҳанд.
Гардиши моддаҳо ҳангоми аз фасли зимистон ба тобистон гузаштан душворӣ мекашанд. Барои он ки гардиши моддаҳо фаъол бошанд, бояд ғизоҳоеро истеъмол намуд, ки вуҷудро ҷоннок нигоҳ доранд,. Пеш аз ҳама нӯшидани обро зиёдтар намуда, кори системаи хунгузарро хуб ба роҳ мондан лозим аст. Об дар баробари фаъол кардани гардиши моддаҳо инчунин барои аз бадан хориҷ кардани токсинҳо (моддаи заҳрдор) ёрӣ расонида, пӯстро зебо мекунанд. Чой ва қаҳва ҷойи обро иваз карда наметавонад, баръакс обро дар бадан нигоҳ дошта, баданро варам ва вазнро бештар нишон мекунанд. Пас аз нӯшидани як пиёла чой, бояд як пиёла об нӯшед. Пас аз нӯшидани як пиёла қаҳва бошад, бояд ду пиёла об нӯшед.
Истеъмоли меваю сабзавот вуҷудро фаъол мегардонад
Антиоксидантҳо витамин ва минералҳое мебошанд, ки вуҷудро аз стрес нигоҳ дошта, дар давоми рӯз шуморо ҷоннок нигоҳ медоранд. Хусусан истемоли витамини С ҳолатҳои стрессиро бартараф намуда, фаолияти гардиши моддаҳоро беҳтар мекунад. Антиоксиданти дигар витамини Е буда, дар озуқавориҳои ширӣ зиёд мебошад.
Гурӯҳи витаминҳои В стресро коҳиш медиҳанд
Дар ғалладона, тухм ва гӯшт витамини В фаровон ҳастанд. Гурӯҳи витаминҳоии В стресс ва хастагиро коҳиш дода, барои фаъол гардидани вуҷуд ёрӣ мерасонанд. Хусусан барои системаи асаб гурӯҳи витаминҳои В манфиатнок ҳастанд. Агар инҳо давомнок истеъмол шаванд, муддати дароз аз хастагӣ ва депрессия ҳифз менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири харобшавӣ истеъмол накардани витамини В ба саломатӣ зарарнок буда метавонад. Ғизоҳои гӯштии обпазро бо обаш истеъмол намудан витамини В-ро дар вуҷуд зиёд мекунад.
Оби макаронро нарезед
Витаминҳои ғизоҳои ғалладонагӣ (макарон, гандум, марҷумак ва ғ.) дар об омодашуда ба об мегузаранд. Аз ин рӯ, оби чунин ғизоҳоро нарехта истеъмол намоед. Барои дар буғи оби ҷӯшомада начаспидани ғизоҳои ғалладонагӣ метавонед аз забуда истифода намоед.
– таҳияи Саид Муъмин
Таъсири манфии доруворӣ ба эҳсосоти инсон