Хатари биринҷи маргимушдор

Олимон қайд мекунанд, ки якқатор моддаҳои кимиёвӣ бо хок, об ва ҳаво омехта гашта, ҳамин тавр дар таркиби ҳар намуди ғизо пайдо мешаванд. Маргимуш яке аз чунин моддаҳои маъмули кимиёвие мебошад, ки тариқи об ба таркиби ғаладонагӣ дохил мешавад. Миёни навъҳои ғаладонагӣ биринҷ маргимушро бо осонӣ ба худ мекашад. Агар пеш аз истеъмол биринҷ дуруст “тоза” карда нашавад, боиси бемор шудани инсон гашта метавонад.

Азбаски меъёри маргимуш дар таркиби ғизоҳо хеле кам аст, он дарҳол ба организми инсон таъсири манфӣ намерасонад. Вале истеъмоли давомноки чунин биринҷ метавонад боиси сирояти бемориҳои дил, касали қанд ва саратон гардад. Ҳамчунин маргимуш ба ҳуҷайраҳои асаб зарар расонида, дар кӯдакон сабаби паст шудани қобилияти ҳифзкунӣ, заковат ва малакаҳои иҷтимоӣ мешавад. Ҳарчанд на ҳамаи намуди биринҷ дар таркибаш маргимушро дорад, вале гуфта мешавад биринҷи дар манотиқи Осиё ва Амрикои Ҷанубӣ парваришёфта меъёри баланди маргимушро доро аст.

Барои мушоҳида кардани миқдори маргимушро дар биринҷ профессори илмҳои биологияи Донишгоҳи шоҳонаи Британияи Кабир – Энди Миэрг тадқиқот гузаронид. Ӯ дар барномаи телвизионии ВВС – “Бовар кунед, ман духтур ҳастам” 3 шакли гуногуни пухтани биринҷро нишон дод:

1. Пухтани 1 коса биринҷ бо 2 коса об то бухоршавӣ. Ин усули анъанавӣ мебошад;

2. Пухтани 1 коса биринҷ бо 5 коса об то бухоршавӣ. Бо ин усул тақрибан 2 баробар миқдори маргимуш дар биринҷ тоза мешавад;

3. Усули беҳтар, биринҷро шабона тар карда мондан аст. Ҳамин тавр 80% моддаҳои заҳрдор аз биринҷ хориҷ мешаванд.

Усули бехатар пухтани биринҷ:

Шабона дар оби хунук тар карда монед;
То равшан шудани об якчанд маротиба обашро иваз карда шӯед;
1 коса биринҷро бо 5 коса об пухта, моеъи барзиёдро резед.

– таҳияи Саид Муъмин


Ҷигарро саломат нигоҳ доред!

Бемории Алзоймер ва тадбирҷӯӣ

Депрессия ва сактаи дил

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s