Футболбозоне, ки боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд (1)

Имрӯзҳо футбол варзиши рақами як дар ҷаҳон қабул шудааст. Миллионҳо мухлис дар майдонҳо ва назди оинаи нилгун ҳунарнамоии беҳтарин футболбозонро тамошо мекунанд. Ба монанди дигар намудҳои варзишӣ футбол низ дорои қонуну қоида ва ҷазо барои вайрон кардани ин қоидаҳо мебошад. Ҷазои ниҳоӣ барои вайрон кардани қоида ҳангоми ин бозӣ корти сурх аст. Футболбоз барои бозии дағалона ё рафтори ғайриварзишӣ дар майдон ё берун аз он метавонад корти сурх гирад. Дар ҷаҳони футбол бозигароне ҳастанд, ки тӯли даҳсолаҳо ҳунари олӣ нишон дода, боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд.

Микаэл Лаудруп
Солҳои футболбозӣ: 1981-1998 (17 сол)

Футболбози мунтахаби Дания, Микаэл Лаудруп яке аз беҳтарин футболбозони маркази майдон дар солҳои 90-ум ва аввалҳои асри нав дониста мешуд. Лаудруп ситораи даврони тиллиоии Траппатонӣ дар “Ювентус” ва “Барселона”‐и Круифф буда, тамоми ҷоизаҳоро ба даст овардааст. Сипас ба дастаи “Реал”-и Мадрид гузашт. Дар хати марказ, ки қариб тамоми муборизаҳо дар ин мавқеъ сурат мегиранд, 17 сол бозӣ карда, ҳамеша бо бозии “тоза”‐аш фарқ мекард ва боре ҳам ба ӯ корти сурх нишон надодаанд.

Гари Линекер
Солҳои футболбозӣ: 1978-1994 (17 сол)

Имрӯзҳо мухлисон Гари Линекерро ҳамчун як шореҳи хуби футбол дар Британия ва Аврупо медонанд. Линекер дар шабакаи телевизонии “BT Sport” (Англия) ҳамчун шореҳ ва таҳлилгари бозии футбол кору фаъолият дорад. Аммо пеш аз он ки Линекер ба соҳаи телевизион гузарад, дар майдонҳои сабз ҳунари беҳамто нишон медод. Линекер беҳтарин ҳамлагари охири солҳои 80-ум дар Англия дониста мешуд. Унвони беҳтарин голзани ҶМ‐1986, ҷои сеюм дар феҳристи беҳтарин голзанҳо дар ҳайати мунтахаби Англия ва шомил шудан ба рӯйхати 100 футболбози беҳтарини ФИФА далели ин гуфтаҳост. Дар 16 соли фаъолияташ собиқ футболбози “Эвертон”, “Тоттенхэм” ва “Барселона” на ин ки аз майдон ронда шудааст, балки ҳатто як корти зард ҳам нагирифтааст. Аммо ба иқрори худи футболбоз дар даврони ӯ ноил шудан ба ин дастовард кори душвор набуд, зеро баъзан доварон қоидавайронкуниҳои ҷиддиро нодида мегирифтанд.

(давом дорад)


Қаҳрамонҳои илҳомбахш

Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид

Сармояи Халиҷи араб дар Аврупо гол мезанад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s