Амалиёти ҷарроҳӣ дар солгарди издивоҷ (1)

Сарлавҳаро хонда шояд гумон баред, ки ё зан ё шавҳар дар солгарди издивоҷашон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидаанд. Не! Ягон нафар аз наздикони оила – хусур, хушдоман, фарзандон, аммаву тағову хола ҳам ҷарроҳӣ нашудаанд. Албатта, чизеро ҷарроҳӣ карданд дар ин рӯз, вале касе аз номбурдаҳоро не. Рӯи тахтаи ҷарроҳӣ издивоҷи зану шавҳар хобидааст.

Баҳори ҳамин сол Шамсия ва Комил солгарди даҳуми издивоҷашонро ҷашн гирифтаанд. Дар таътили наврӯзӣ ба хонаи бобову бибиашон рафтани ҳар ду фарзандашонро фурсат дониста, “Солгарди имсолаи оиладориамонро каме дигартар гузаронем” гуфтанд. Ҳамон рӯз субҳи барвақт аз хона баромада, ба як тарабхонаи канори шаҳр рафтанд. Вақти хубро интихоб кардаанд: дами субҳ. Камодаманд дар ин вақт тарабхонаҳо. Агар нисфирӯз ё шом мебуд, одам зиёд мешуд ва атроф ҳам оромиашро гум мекард. Ба ҳар ҳол дар кунҷе ҷой гирифта нишастанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки дар солгарди имсолаи издивоҷашон ба якдигар туҳфа намегиранд. Бигзор аз ин ҷиҳат ҳам фарқ кунад ва сода бошад. Ба пешхизмат супориш доданд. Сипас рӯ ба рӯи ҳам нишаста, даҳ соли якҷояи оиладориашонро ба рӯи “кати ҷарроҳӣ” гузоштанд. Ҷарроҳӣ дар тарабхона. Воқеан, вақте ки кас оиладориашро ҷарроҳӣ мекунад, ҷояш муҳим набудааст. Ҳар ҷое ҳам мешавад…

Зану шавҳар аз ҳафтаҳову моҳҳои пеш аз оиладоршавиашон, балки аз аввалин шиносоиашон оғоз карда, то оиладорӣ ва солҳои баъдӣ… аз оиладорӣ чи интизор буданд, онро чи гуна тасаввур мекарданду чи гуна дарёфтанд, ба як силсила саволҳо сидқан ва самимӣ ҷавоб гуфтанд. Бо ҳама талхиву ширинии даҳ соли умрашон фикрҳояшонро баён доштанд, бе расидан ба иззати нафси якдигар, бе танқиди якдигару оилаҳои якдигар. Тақрибан дар ҳар мавзӯе, ки ба хотирашон омад суҳбат карданд. Ҳам дар хусуси муносибати хусуру хушдоман, ҳам дар боби тарбияву таҳсили фарзандон… Хотираҳои даҳсола гоҳ онҳоро ба баҳри нишоту хурсандиҳо афканд, ки бо қаҳ-қаҳа ва ашки шодӣ ёдовар шуданд, гоҳ ба кӯи ранҷу андуҳ бурд. “Кош чунин намекардам”, “кош ин тавр намешуд ҳамон вақт” мегуфтанд хотираҳои талхро ба ёд оварда. Барои азиятҳои равонӣ ва талхиҳои гузашта аз якдигар узр ҳам пурсиданд.

Ёди гузашта ҳамин қадараш бас, акнун ба оянда менигарем, гуфтанд. Хусусан дар бораи он чизҳое андеша ронданд, ки мехостанду то ин вақт ба даст оварда натавонистанд. Ҳамин тариқ, нақша кашиданд, нақшаи ҳар он чизеро, ки орзу доштанду фурсати ба даст оварданаш ҳоло ҳам мавҷуд буд. Ҳар ду ҳам хостаҳои худро номбар карда, ба рӯи варақе навиштанд. Диданд, ки рӯйхат дароз шуда рафтааст. Гуфтанд, амалӣ кардани ҳамаи ин хостаҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Барои ҳамин онҳоро ба муҳим, дуюмдараҷаву сеюмдараҷа ҷудо карда, муҳлати иҷрояшонро яксолаву панҷсолаву даҳсола муайян карданд.

(давом дорад)


Ояндаи наздик ва ё аллакай?

Агар ҳамсарон ҳамкор бошанд

Дар суроғи осоиш

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s