Футболбозоне, ки боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд (2)

Раул Гонсалес
Солҳои футболбозӣ: 1994-2015 (21 сол)

Футболбози афсонавии испанӣ Раул дар дастаи “Реал” як карйераи олӣ гузаронида, баъдтар дар “Шалке”, “Ал-Садд”, ва “Ню-Йорк Космос” ҳам бозӣ кард. Раул Гонсалес дар маҷмӯ 683 маротиба вориди майдон шуда, 275 гол ба дарвозаи рақибон задааст.

Тули 16 сол дар ҳайати асосии “Реал” вориди майдон шуда, дасти кам ҳар сол ду маротиба дар «Эл-Класико» бозӣ кардааст. Ин дидор миёни дастаҳои “Реал”-и Мадрид ва “Барселона”-и каталонӣ яке аз муҳимтарин ва тезутундтарин сабқатҳои футбол дар ҷаҳон ба шумор меравад ва кам дида мешавад, ки ин бозиҳо бидуни корти сурх анҷом ёбанд. Раул борҳо дар сабқатҳои финалии “Лигаи чемпионҳо”, “Абарҷоми Испания” ва УЕФА ширкат кардааст. Вале боре ҳам корти сурхро болои сар надидааст.

Дэмиен Дафф
Солҳои футболбозӣ: 19 сол (1996-2015)

Дэмйен Дафф, футболбози ирландӣ баъд аз гузаштан ба дастаи “Челси” зери роҳбарии Клаудио Ранйери шуҳратёр шуд. Мавсими аввали омадани Жозе Моуриню вазъияти Дафф хуб буд. Дафф ҳамроҳи Гудйонсен, Кежман, Лэмпард ва Коул баъд аз 50 сол медалҳои тиллоии “Премйер лига”-ро ба қисмати ғарбии Лондон оварданд. Вале, вақте Жозе дар ҷустуҷӯи ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ шуд, Дафф қарор дод дастаро тарк кунад. Баъдтар ду маротиба ҳамроҳи “Нюкасл” ва “Фулхэм” ба “Чемпионшип” (лигаи дуюми Англия) афтид. Ҷолиби диққат аст, ки Дэмиен Дафф муҳлати тулонӣ дар яке аз топ‐чемпионатҳои сахттарин бозӣ карда, боре ҳам аз майдон ронда нашудааст.

Филипп Лам
Солҳои футболбозӣ: 2001-то ҳол фаъол аст

Насли оянда ба ин ҳимоягари олмонӣ ҳамчун намунаи беҳтарини футболбози ҳирфаӣ назар хоҳанд кард. Филипп Лам чашмгиртарин нафари ин феҳрист ба шумор меравад. Зеро ӯ ҳанӯз ҳам дар сатҳи касбӣ ҳунари олӣ нишон дода истодааст.

Қаҳрамони ҷаҳон (соли 2014), қаҳрамони 8‐каратаи “Бундеслига” (дастаи “Бавария”) қариб тамоми фаъолияти худро дар қаноти рости муҳофиза гузаронидааст. Танҳо баъд аз омадани Пеп Гвардиола ба хати ниммуҳофиза гузашт. Филипп Лам дар ҳайтаи даста 613, дар Тими мунтахаби миллии Олмон бошад 113 дидор анҷом додааст ва ба он нигоҳ накарда ки дар хати муҳофиза бозӣ мекард, дар ягон аз ин бозиҳо барои бозии дағалона ё ғайриварзишӣ аз майдон ронда нашудааст. Лами 33‐сола тасмим гирифтааст бо анҷоми мавсими ҷорӣ фаъолияти футболбозияшро хотима бахшад. То фарҷоми чемпионати Олмон 3 даври дигар боқӣ мондааст. Оё Филипп Лам метавонад ин “тозагӣ”-и худро ҳифз кунад, вақт нишон хоҳад дод!

– таҳияи Достиев Неъмат


Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s