Амалиёти ҷарроҳӣ дар солгарди издивоҷ (2)

Дар ин “амалиёти ҷарроҳӣ” фарзандонашон ҳам ҷои муайянеро соҳиб гаштанд. Масъалаи тарбия ва таълими онҳоро фикр карданд. Хусусан, як гапи мӯйсафеди падари Комил ба ёди зану шавҳар расид, ки боре, вақте аҳли оила дар хонаи мӯйсафед ҳузур доштанд, насиҳатомез ба фарзандонаш ва келину домодҳояш гуфта буд: “Агар фарзандонатонро худатон дину имону шариатро шарҳ дода, нафаҳмонед, калон ки шуданд, дигарон ба таври дигар мефаҳмонанд. Баъд кӯдакон ғалат ёд мегиранд. Фаҳмиши ғалат онҳоро ба роҳи нодуруст мебарад. Мо мусулмони суннием. Суннии мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа. Фарзандонатонро ҳади ақал аз таълимоту афкори Имоми Аъзам хабардор созед…” Насиҳати мӯйсафедро ҳам ба инобат гирифтанд. Кӯдаконро зайле бояд тарбия кард, ки оянда ба миллат, давлат ва ҷомеа зарарашон нарасад, балки фоидаовар бошанд ба ҷамъият. Дар ин маврид кадом корҳоро бояд иҷро кард, маслиҳат карданд ва тасмим гирифтанд зану шавҳар.

Қарор доданд, ки фарзандонашон дар баробари бекамбудӣ донистани забони тоҷикӣ, бояд забонҳои русиву англисиро ҳам хуб ёд гиранд. Вале донистани забонҳои немисиву фаронсавию хитоӣ низ вобаста ба шавқи бачаҳо бояд ба онҳо ёд дода шавад. Ин масъалаҳо низ дар нақшаи амалиёти зану шавҳар ҷой гирифтанд.

Онҳо чунон ғарқи суҳбат шуданд, ки чи гуна гузаштани вақтро нафаҳмида монданд. Овози муштариёне, ки андак-андак барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ меомаданд, ба худ овард онҳоро. Акнун хулоса кунем, гуфта, ду-се соати гузаштаашонро натиҷагирӣ карданд.

– Он қадар корҳои зиёдеро ба нақша гирифтем, ки панҷ-даҳ соли баъдиамон барои иҷрои онҳо мегузарад,- гуфт зан ба шавҳараш.

– Ин тавр бошад, корҳоямонро дар нақшаи яксола мерезем ва соли оянда боз дар ҳамин рӯз ҳисобу китоб мекунем. Мебинем, ки чи натиҷа додааст нақшаамон,- илова кард шавҳар.

Вақте аз дари тарабхона берун шуданд, Шамсия ва Комил худро чунон шоду чунон хурсанд ҳис карданд, ки мисли ҳаяҷони даҳ соли пеш, мисли ҳаяҷони рӯзҳои аввали оиладориашон…

Ин қиссаро барои чи ёдовар шудем? Барои он ки шояд барои ҷавонон модел ё намуна шавад. Анъанаи солгарди издивоҷ ҳарчанд дар Ғарб бештар маъмул аст, аммо дар мо ҳам, хусусан дар насли ҷавони мо таҷлилу риояаш расм шудааст. Мо солгарди издивоҷ гуфта, ҳатман дастурхони пур аз ширинӣ, масрафоти иловагӣ ва албатта суханҳои лутфомезро тасаввур мекунем. Вале шеваҳои дигар ва содатари қайди солгарди издивоҷ ҳам ҳаст. Шеваҳое, ки барои худтакмилдиҳӣ, рушди моддиву маънавии аъзои оила, ҳузуру осоиши оила ва давомияти он кӯмак мерасонад.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

Шавҳари камгап ё бонуи сергап

Ҳазар аз одамони «заҳролуд»!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s