Мард ва деви обӣ

Марде табарашро дар дарё афтонд. Аз андуҳи зиёд дере дар лаби дарё нишаста гирист. Деви обӣ садои ӯро шунида аз об баромаду сабаби гиристанашро пурсид:

— Чаро гиря дорӣ?

Мард гуфт:

— Табарамро ба об афтонидам.

Деви обӣ инро шунида ба ӯ раҳмаш омаду худро боз ба об андохт. Дере нагузашта аз об як табари тиллоиеро бароварда гуфт:

—Ҳамин аст табарат?

Мард гуфт:

— На, ин аз они ман нест!

    Деви обӣ ин навбат табари нуқрагинеро бароварда ба мард нишон дод.

Мард гуфт:

– Инаш ҳам аз они ман нест!

Он гоҳ деви обӣ боз ба таги об рафту ин навбат табари ҳақиқиро баровард. Мард гуфт:

– Ана ин табари ман аст.

Деви обӣ бошад барои ростгӯ будани он мард, табарҳои тиллоиву нуқрагиро низ ба ӯ тӯҳфа кард. Мард ҳар сеи табарҳоро гирифта хурсандона ба сӯи хонааш шитобид. Ӯ ба рафиқонаш ҳодисаи рухдодаро қисса кард. Яке аз он рафиқонаш ҳодисаро шунида, қарор дод, ки ба назди об мераваду табарашро ба даруни дарё мепартояд.

Баъд аз шунидани қисса рафиқи он мард низ табарашро гирифта ба назди дарё мераваду табарро ба об партофта, гиря мекунад. Деви обӣ садои нолаи ӯро шунида зуд аз об баромад. Сабаи гиряи вайро мепурсад. Мард мегӯяд:

– Табарамро дар дарё гум кардам.

Деви обӣ дарҳол таги об шуда, табари тиллоиеро бароварда мепурсад:

– Оё ин аст табари ту?

Мард табари тиллоиро дида хурсанд мешаваду фарёд мезанад:

– Бале, ин табари ман аст!

Деви обӣ бошад барои дурӯғгӯ будани он мард, на табари тиллоиро ба ӯ доду на табари худашро ёфта баровард. Мард а зкори кардааш пушаймон шуда, дасти холӣ ба хонааш баргашт.

– таҳияи Шомаҳмадова Ситора


Қадри шаб

Рӯбоҳ ва хирс

Дастони ношуста ва дарди шикам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s