Кӯдак бо роҳи тақлидкорӣ меомӯзад

Заминаи аввалини тарбия ва таълими кӯдак дар оила гузошта мешавад. Бахусус ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии оила ба ин раванд таъсири амиқ мегузоранд. Кӯдак калонсолони оиларо мушоҳида мекунаду амалу рафтори онҳоро тақлид карда, ҳамин гуна ба воя мерасад. Аз ин лиҳоз дар ҷомеашиносӣ институти оила барои тарбия кардани шахсияти солими фарди ҷомеа нақши хосаро доро аст. Муҳити хонавода дар кӯдак хиштҳои аввалинро барои созмони бинои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа мегузорад.

Равоншиносон қайд мекунанд, ки заминаи асосии ташаккулёбии шахсият дар кӯдак то синни 7-солагӣ ба икмол мерасад. Аз ин рӯ нақши муҳити оилавиро то ин синну сол саҳл гирифтан, нисбат ба ояндаи солими кӯдак беаҳамиятӣ кардан аст. Пас волидайнро лозим меояд, ки муҳит ва имконияти инкишофёбии кӯдакро бо тамоми нозукиятҳояш ба назар бигиранд. Кӯдак бояд дар оила шоҳиди амал ва гуфторҳои зебову намунавӣ бошад, дар оила муҳити пур аз ҳузур ва ғамхорӣ фароҳам оварда шавад ва бахусус падару модар нисбат ба ҳамдигар бояд бо эҳтиром ва муҳаббати зиёд муомила кунанд.

Кӯдак дар қадамҳои аввали ҳаёт бо роҳи тақлид кардани калонсолону муҳит тарзи муколама, омӯзиш, навиштан, хубро аз бад фарқ кардан, дӯст доштан, нафрат кардан, буғз кардан, муқовимат нишон додан, ҷаҳд кардан ва дигар малака ва эҳсосоти барои одамӣ лозимаро меомӯзад. Ва дар ин раванди тақлидкорӣ волидайнро намуна будан беҳтар аз суханҳои зиёд гуфтан аст. Кӯдакон аз насиҳату гуфтор дида бештар аз мушоҳидаи рафтори волидайн меомӯзанд. Ба касе пӯшида ҳам нест, ки тарбия дар фарҳанги мо аввалиндараҷа аст. Ҳабиби акрам (с.а.в.) фармудаанд, ки “падару модар пас аз худ барои фарзанд ба ҷуз аз тарбияи зебо мероси накӯтаре боқӣ гузошта наметавонанд”. Чун ба ҳамагон маълум аст, “олим шудан осон аст, вале одам шудан кори басо душвор мебошад!”


Номи кӯдак ба хулқи ӯ таъсиргузор аст

Амалиёти ҷарроҳӣ дар солгарди издивоҷ

Кӯдак ба меҳру муҳаббат эҳтиёҷ дорад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s