Аввал хӯрок ва баъд нӯшокӣ, ё баръакс?

Ҳамарӯза инсон дар як шабонарӯз на кам аз се маротиба хӯрок мехӯрад. Табибон қайд мекунанд, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ аз истеъмоли мева, ширинӣ ва нӯшокиҳо худдорӣ карда шавад. Зеро ҳангоми омехта кардани ҳамаи он дар организм низоми доду гирифти ғизоӣ хароб мегардад. Чунин ҳолат ба зарари одам маҳсуб ёфта, метавонад ба заҳролудшавии организм оварда расонад. Аз ин лиҳоз ҳангоми истеъмоли хӯрок ба тавсияҳои зайл аҳамият дода шавад:

Аввал хӯрок, баъд нӯшокӣ

Пас аз истеъмоли хӯрок меъдаро тақрибан 45-50 дақиқа лозим аст, ки ғизоро ҳазм карда, таркибҳои фоидабахшро ба организм тақсим намуда, таркиби боқимондаро ба рӯдаи 12-ангушта равона кунад. Агар пас аз истеъмоли хӯрок дарҳол об нӯшем ё ширинӣ хӯрем, фаъолияти кори ҳозима дар меъда вайрон шуда, витамину элементҳои барои организм муфид бекор мегарданд. Аз ин рӯ баъд аз истеъмоли хӯрок, табибон ба таври қатъӣ на кам аз 45 дақиқа аз хӯрдани ширинӣ ва нӯшидани машрубот худдорӣ карданро тавсия медиҳанд.

Ва ё аввал нӯшокӣ, баъд хӯрок

Бахусус ҳангоми рӯзадорӣ табибон тавсия медиҳанд, ки рӯзакушоиро бо хӯрокҳои вазнину сахт сар накунанд. Рӯзаро бо моеъ кушода, баъдан ду-се стакан об нӯшидан боиси ба низом даровардани меъёри намнокӣ дар бадан ва тоза гардидани токсинҳо аз организм мегардад. Ва баъд аз 45 дақиқа истеъмоли хӯрокро тавсия медиҳанд. Зеро ҳамин тавр об организми рӯзи дароз гушнаро барои ҳазми солими ғизо омода мекунад.

– таҳияи Ҷабборов Далер


Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Нӯшокиҳои энергетикӣ нерӯи дилро мегиранд

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s