Усули мақбул барои боинтизом ба воя расидани кӯдак

Равоншиносон ин зайл усули мақбули боинтизом ба воя расонидани кӯдакро тавсия мекунанд:

Ҳар вақте кӯдак дар коре муваффақ мешавад ё интихоби дурусте мекунад, ӯро таҳсин гӯед;

Ба ӯ аз хурдӣ фарқ миёни кори бад ва кори хубро фаҳмонед. Эҳтиром ба калонсолону меҳрубонӣ ба хурдсолонро талқин намоед. Ҷаҳду ғайрат нисбат ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ, ростқавлӣ, итоаткорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавиро омӯзонед;

Нафарони хушахлоқу қавииродаро ба кӯдак мисол оварда, шавқу рағбаташро ба сифатҳои волои одамӣ бедор кунед;

Сабаб ва ҳикмати қоидаҳоеро, ки барояш муайян карда шудаанд, фаҳмонед. Нисбати кӯдак бо эътино ва нозукияти бештар рафтор намоед;

Бо изҳори амал ва рафторҳои накӯ барои кӯдак намунаи ибрат бошед. Ҳар вақте ба хатокорӣ роҳ медиҳед, иқрор шавед. Агар чунин хатокорӣ нисбати кӯдак карда шавад, аз ӯ бахшиш пурсед. Илтимос, ҳамчун нафари болиғ оқилона рафтор намоед;

Ҳангоми муомила бо кӯдак одоби муоширатро риоя намоед: “илтимос”“ташаккур”, “намеарзад”, “саломат бошед” ва “марҳамат кунед” барин суханҳои илтифотомезро ҳар чӣ бештар истифода кунед. Ҳар вақте чунин суханони латифро ба забон меоред, самимӣ бошед. Зеро кӯдак бояд ҳис кунад, ки ӯро дар ҳақиқат эҳтиром мекунанд;

Ҳар чӣ қадар бинобар рафтори ноҷои кӯдак бадқаҳр шавед, ҳаргиз худидоракуниро аз даст надиҳед. Ҳамин тавр ӯро ҳам сабур будану ботамкин рафтор намуданро меомӯзонед;

Хатокории кӯдакро бо услуби мувофиқ фаҳмонда диҳед. Ҳаргиз дар назди дигарон, бахусус дар назди рафиқон, муаллимон ва хешу таборон ӯро танқид накунед;

Кӯдакро ҷазо медиҳам гуфта, шараф ва обрӯяшро нарезонед. Ӯ низ соҳиби шахсият аст. Чунин рафтори беҷо иродаи ӯро шикаст дода, то охири умр “маъюб” мекунад!


Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?

Кӯдак, ҷиҳозҳои электронӣ ва олами маҷозӣ

Кӯдак ва одати китобхонӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s