Тифл

Зани ҷавон бо дидани тифли навзод гӯё ҷоду шуд. Мӯйи зарди ҷингила, чашмони кабуди калон, бинии кашидаву лабҳои сурхи тифли дӯстрӯ лухтаки зебоеро ба хотир меовард. Зан ҳам то кунун чунин тифли дилкашу назарраборо надида буд. Мехост аз лабҳои нозуки ин духтарчаи навзод бӯсида, аз бӯйи ҷаннатиаш димоғ хушбӯ кунад. Бо ин ният тифлро ба худ наздик овардан хост, ки овозе ба гӯшаш расид: 

− Маро набӯс, чунки ту ҳаққи маро навозиш кардан надорӣ!

Зан аз тарс каме ларзида, ба атроф нигарист, вале дар утоқ ба ғайр аз ӯ ва тифлаки навзод касе наменамуд. Вақте ки он овозро бори дуюм шунид, рӯяшро ба тифл гардонд. “Худоё, ӯ буд, ки гап мезад?” Бале, навзод ҳам бошад, сухан гуфта метавонист.

Тифл суханашро идома дод:

− Намехоҳам, ки ба ман наздик шавӣ.

Зан ниҳоят аз ҳолати парешонӣ берун шуда, гуфт:

− Ман духтар надорам. Ҳар ду фарзандам писаранд. Писар доштан беҳтар аст, аз ин шукргузорам, аммо духтар дигар аст. Барои ҳамин туро бӯсидан хостам.

− Ту маро бӯсида наметавонӣ. Ман ҳам наметавонам туро бибӯсам.

− Барои чӣ наметавонӣ? – пурсид зан ҳайратомез.

Тифл, ки акнун гиря мекард ва аз шиддати гиря сурх шуда буд, афзуд:

− Сабаби инро бояд бидонӣ. Агар дуруст фикр кунӣ, меёбӣ!

Зан сабаби бӯсида натавонистанашро фикр дошт, ки ба ҳуш омад. Дид, ки дар утоқи ниҳоят роҳати як табобатхонаи махсус хобидааст ва аз таъсири наркоз дилаш беҳузур мешавад. Духтури ҷавон, ки шиноси деринаи оилаи ҷавонзан буд, дастагулеро ба вай дароз карда, гуфт:

− Шифо ёбед, хонум. Исқоти ҳамл бомуваффақият ба анҷом расид… Ҳа, қариб фаромӯш кунам… тифли гирифтаатон духтар буд.

– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”


Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s