Истеъмоли мева ҳангоми диабет

Ҳоло дар фасли пухта расидани меваҳои мавсимӣ қарор дорем. Истеъмоли меваю сабзавоти тару тозаи мавсимӣ ба ҷисму ҷон нерӯ тоза мебахшанд. Бемории диабет солҳои охир миёни аҳоли кишвари мо хеле зиёд мушоҳид мегардад. Табибон таъкид мекунанд, ки истеъмоли меваҳои тару тоза метавонад хатари хуруҷ ва оризаҳои бемории қандро коҳиш диҳанд.

Дар чаҳорчӯбаи як тадқиқот олимон тайи 7 сол одатҳои бад, фишори хун ва тарзи ҳаёти 512 891 зану марди синну соли аз 30 то 79‐соларо зери назорат қарор намуда, парҳез ва саломатии онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар нафароне, ки аз оғози омӯзиш аз диабет ранҷ намебурданд ва нафароне, ки дар ғизои ҳаррӯзаи худ меваҳои тару тозаро низ истеъмол мекарданд мекарданд, хатари гирифторшавӣ ба ин беморӣ 12% коҳиш ёфтааст. Нафароне, ки аллакай аз диабет ранҷ мебурданд ва ҳафтае се бор мева истеъмол мекарданд, хатари фавт 17% ва хатари бемориҳои системаи дилу раг 28% паст шудааст.

Бинобар таъкиди корманди илмии донишгоҳи Оксфорд (Англия) табиб Хайдонг Ду, қанд дар таркиби меваҳо, ба он чӣ дар маҳслоти тайёр мавҷуд аст монанд набуда, метавонад ба таври гуногун ба гардиши моддаҳо таъсир расонад. Инчунин меваҳо аз дигар моддаҳои ғизоӣ низ бой мебошанд ва метавонанд муқобили бемориҳои мухталиф ба инсон кӯмак кунанд. Аз ин рӯ тадиқот дар ин самти муайянсозии ҷиҳатҳои муфиди меваю сабзавот барои инсон идома доранд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Аввал хӯрок ва баъд нӯшокӣ, ё баръакс?

Хастагӣ, камхобӣ ва пешгирии он

Ҷигарро саломат нигоҳ доред!

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s