Модарони “ҳомӣ” ва фарзандони инҷиқ

Баъзе модарон фарзандонашонро ҳимоя мекунам гуфта, аз ҳад мегузаронанд. Онҳо садди роҳи инкишофи мустақили шахсияти кӯдак гашта, бинобар назар ва диди дунявии худ ба ҷойи ӯ қарор медиҳанд. Ҳарчанд модар гумон мекунад, ки беҳтар медонад барои фарзандаш чӣ муносиб аст ва чӣ муносиб нест, вале дарк намекунад, ки фарди солими ҷомеа бинобар қарор ва интихобҳои мустақилона инкишоф меёбад, бигзор баъзан ғалат ҳам кунад.

Чунин фарзанди оила баъд аз ба воя расидан ҳам доир ба ин ё он ҷанбаи ҳаёти худ мустақилона қарор дода наметавонад. Аз ин рӯ доим дар ҷустуҷӯи “модар”-е мешавад, ки ба ҷойи ӯ қарори “дуруст” диҳад. Чунин шахсият, ки иродаашро ба даст гирифта наметавонад, дар оянда соҳиби мақоми хосе дар ҷамъият гашта наметавонад. Ӯ доим ҳамчун “лӯхтаки” атрофиён боқӣ мемонад.

Вале бояд қайд кард, ки ин ҳолатро набояд бо машварат ва истишора омехта кард. Қабл аз ба коре даст задан маслуҳатпурсӣ амали оқилона аст. Вақте коре бинобар маслиҳати созанда анҷом меёбад, бобаракат хоҳад буд. Аммо вақте кас интизор аст, ки нафаре ба ҷойи вай қарор диҳад ва ба ҷойи ӯ масъаларо ҳал кунад, комилан қобили қабул нест.

Модароне, ки фарзандонашонро аз хурдсолӣ ба гумони худ ҳимоя мекунанду кӯдакро озод намегузоранд, ҳисси мароқ зоҳир кардан ва ҷӯё буданро дар ӯ мекушанд. Илова ба ин чунин фарзанд нисбат ба кӯдакон ва оилаҳои дигар “ваҳшиёна” рафтор мекунад. Бахусус модарони “ҳомӣ”-е, ки аз ҳад зиёд нозуктабияту дилтанганд ва ба ҳар ашёву ҳодиса назари мунаққидона доранд, фарзандонашон низ дар баробари ба воя расидан ин навъ сифат ва рафтори “инҷиқ”-ро касб мекунанд.

Табиати ин навъ фарзандони инҷиқ ба мушкилоти саломатӣ моил гашта, боварӣ ба худро аз даст медиҳанду аз ҳад зиёд шармгин мегарданд. Ҳамчунин онҳо дар овони мактабхонӣ бинобар фитрати “ваҳшӣ” бо касе соз намегиранду аз мактаб ва муҳити он нафранд мекунанд. Ва дар солҳои баъдӣ бинобар дуруст фаҳмонида натавонистани матлаб, вазъи худ ва мустақилона қарор дода натавонистан доим танҳо буданро тарҷеҳ мекунанд.

Аз ин рӯ рафтор ва гуфтори зебову накӯи фарзандро дастгирӣ карда, таҳсин намоед. Ӯро бинобар рафтору гуфторҳои сохта, ки хоси фитрати ӯ нестанд, шакл надиҳед. Кӯдакро бевосита дар самти “мустақилона қадам задан” ташвиқ намоед. Ва агар якқатор амалҳоеро изҳор намояд, ки ба муҳит ва шахсияташ заророваранд, он гоҳ дахолат карда, ӯро огоҳ намуда садди роҳаш гардед.


Усули мақбул барои боинтизом ба воя расидани кӯдак

Тифл

Кӯдак бо роҳи тақлидкорӣ меомӯзад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s