Қисмат

Онҳо нисбат ба якдигар бағоят меҳрубон буданд. Муносибати самимиашон достони маҳфили ҳамсабақон гардида, ҳаваси онҳоро меовард. Зеро дар чанд соли таҳсили донишгоҳ касе ғайри инро надида буд. Дар ҳама ҳолат якдигарро кӯмак мекарданд. Ин рафтори онҳо муаллимонро низ хуш меомад. Пайваста ташвиқ мекарданд, ки ҳаёти минбаъдаашонро низ ҳамроҳ гузаронанд. Аммо онҳо дар ин бора фикр ҳам надоштанд.

Вале чун хатми донишгоҳ наздик омад, ҳар ду ҳам насими ҷудоиро аз дур ҳис карданд. Ин ҳол ба худи онҳо ҳам намефорид. Ҳарчанд то анҷоми донишгоҳ камтар аз як сол вақт монда буд, барояшон гарон афтод. Таҳаммул карда наметавонистанд.

Ҷавон медонист, ки бо духтар оиладор шудан барояш ғайриимкон аст. Вазъи зиндагониашон фарқ мекард. Гузашта аз ин, бо кадом рӯй ҷуръат карда бо духтар мегуфт. Наметавонист. Духтар ҳам нағз мефаҳмид, ки агар дилаш бихоҳад ҳам, волидонаш ӯро ба ин дӯсти меҳрубон ва рафиқи беғаразаш нахоҳанд дод. Зеро ки вай ягона духтари оила буду орзуҳои падару модараш бешумор.

Бо паси сар шудани ҳафтаву моҳҳо ваҳмашон бештар мешуд. Аз донишгоҳро хатм кардан ҳама хурсанд буд, ба ҷуз он ҳар ду. Боре ҷавон ҷуръаташро ҷамъ карду он чӣ дар дил дошт ба духтар гуфт. Духтар агарчи таклифи ӯро дар дил сахт хостгор буд, аммо зоҳиран вонамуд кард, ки гӯё инро аз ҷавон мунтазир набуд.

− Дӯстии моро касе аз ҳамдарсон фаромӯш нахоҳад кард. Бигзор он абадӣ боқӣ монад…− гуфт вай ба ҷавон.

Ҷавон нағз медонист, ки духтар он чизеро нагуфт, ки дар дил дошт. Бо вуҷуди ин ба сухани вай эҳтиром гузошт. Ҳарфи дигаре дар ин хусус ба забон наовард. Ҷавон рафт ва духтарро буғз дар гулӯ дармонд. Ба кӯмакаш духтари ҳамсабақаш расид. Вай дилашро ба ҳамсабақаш холӣ кард.

− Волидонам мехоҳанд, ман бо касе, ки онҳо маъқул медонанд, издивоҷ кунам. Агар хилофи амри эшон баромада бо ҳамсабақам издивоҷ кунам, хайр намебинад. Не аз бародаронам эҳтиромаш мерасаду не аз падарам.

Се моҳ баъди хатми донишгоҳ духтар арусӣ кард. Хеле зебо шуд. Ҳашмати тӯяшро дида, дугонаҳо ангушт газиданд. Ҳамон гуна шуд, ки модараш мехост; ҳамонгуна, ки падараш мунтазир буд. Номзадаш сарватманд буд. Аз сару рӯйи духтар дурру гуҳар рехтанд. Аммо на хушбахтӣ. Аммо на хурсандӣ. На ханда, на табассум дошт духтар. Мегиристу мегиристу мегирист…

Моҳе баъд аз тӯяш ба аёдати волидон омад. Ҳамроҳи шавҳараш. Бо мошини ӯ. Шавҳараш ӯро фуроварду худаш аз пушти дар баргашт. Хона надаромад… Соате пас омаду бо садои мошинаш (сигнал) ҳамсарашро бозхонд. Аз пушти духтар падараш беруни дарвоза шуд. Модараш низ. Бародаронаш ҳам. Аммо домод аз мошин берун нашуд. Ба ҳеҷ яке аз эшон салому ҳолпурсӣ накард. Ҳамсарашро гирифту рафт…

– Башир Усмон, Дидор


Тифл

Ман кӣ будани ӯро медонам…

Дарахти изтироб

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s