Тавсияҳои манфиатбахш аз Томас Эдисон (1)

Томас Алва Эдисон, ихтироъкор ва тоҷири амрикоӣ, соҳиби беш аз 1000 ихтироъ ва зиёда аз 4000 патент буда, яке аз пурмаҳсултарин олим дар таърихи башар ба шумор меравад.

Томас Эдисон рӯзона ба ҳисоби миёна 18 соат кор мекардааст. Ӯ бештар шабона, ки ба гуфти худи олим “вақте боқимондаи ҷаҳон дар хоб аст”, кор карданро тарҷеҳ медод.

Ҳодисае маълум аст, ки боре яке аз ихитрооти олим ‐ таҷҳизоти чопии электрикӣ ба кор надаромад. Эдисон ҳамроҳи 5 ёрдамчии худ дари коргоҳро баста, гуфтааст, ки то даме ин таҷҳизот ба кор надарояд, касе он ҷойро тарк нахоҳад кард. Баъд аз 60 соати кори бетанаффус ва бидуни хоб мушкилӣ бартарф карда шуду пас аз он 30 соат пайҳам хобидааст.

Аз нигоҳи Эдисон ба чизе машғул шудан маънои онро надорад, ки шумо кор карда истодаед. Ҳадафи ҳар як кор истеҳсол, ё ба даст овардани натиҷа аст, ки онро ҳисоби пешакӣ, системанокӣ, банақшагирӣ, мақсаднокӣ ва арақи ҷабин муайян мекунанд.

Орисон Суэт Марден нависанда ва равоншиноси маъруфи амрикоӣ, дар китоби худ – How They Succeeded: Life Stories of Successful Men and Women Told by Themselves мусоҳибаеро ҷой додааст, ки дар он олим доир ба асрори пурмаҳсулии кории худ гуфтааст. Ба нақли худи Эдисон он замон он қадар зиёд ҳам кор намекардааст. Реҷаи корияшро танҳо 14‐15 соат дар як рӯз ташкил медодааст. Аз соати ҳашти субҳ дар лабаротия ба кор шуруъ намуда, соати шаши бегоҳ ба хона баргашта, сипас омӯзишашро ин ҷо идома медодааст. Соати ёздаҳ хоб мерафтааст. Вақте олим 14‐15 соати кориро на он қадар зиёд мегӯяд, Марден тааҷуб карда мепурсад: “Магар ин кам аст?” Эдисон дар ҷавоб мегӯяд: “То ин вақт тӯли 15 сол рӯзона 20 соат машғули кор будам”.

(давом дорад)


Онҳо хомӯширо авло донистанд-8

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Шаппотӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s