Замоне, ки Эдисон 47-сола шуд, ҳисоб кардааст, ки агар тамоми вақти барои кор сарф кардаашро ба рӯзҳои кории 8-соата тақсим кунад, синну солаш ба 82 баробар мебуд.
Ба гуфтаи ихтироъкор, дар фаъолияти ӯ тасодуф ё корҳои ногаҳонӣ мавҷуд набуд. Эдисон танҳо бо корҳое машғул мешуд, ки натиҷаи онҳо барои ӯ муфид ва аз нигоҳи тиҷорат судманд буданд. Ӯ барои бозичаҳое ҷозибе, ки ҳадафашон танҳо навоварӣ буд, вақти худро сарф намекард.
“Агар пагоҳӣ соати 7 аз хоб хеста соати 23 хоб равед, дар, 16 соат аст, ки дар давоми он шумо бо чизе машғул мешавед. Сайругашт мекунед, мехонед, мехӯреду менӯшед. Фарқ дар ин аст, ки аксарият ҷаҳду ғайрати худро якбора ба якчанд кор равона мекуананд, лекин ман бошам, ба як самт. Ҳар кас метавонист муваффақ шавад, агар ки тамоми вақт ва ҷидду ҷаҳди худро барои як ҳадаф равона мекард”,
–Томас Эдисон.
Сабаби чунин ранг гирифтани кор, ба ақидаи худи олим дарон аст, ки на ҳама одамон чунин ҳадаф, оне ки барояш омодаанд аз ҳама чиз даст шӯянд, дар пеш доранд. Аз нигоҳи Эдисон муваффақият ин маҳсули ба кор бурдани малакаҳои ақлию ҷисмонӣ дар як самти муайян мебошад. Аз ин рӯ, агар сараввал ҳадафи ниҳоӣ (асосӣ) ва самти фаъолият муйян карда шавад, интихоби роҳу усули расидан ҳадаф осонтар хоҳад шуд.
– таҳияи Достиев Неъмат