Баъзе ғизоҳо дар баробари қонеъ гардонидани гуруснагӣ афсурдаҳолиро бартараф мекунанд ва кайфиятро баланд менамоянд. Чунин маҳсулоти ғизоӣ зиёд ҳастанд. Аммо дар хусуси 5 ғизое маълумот медиҳем, ки дастрасии онҳо ба ҳама осон аст.
Мавз
Мавз дар таркиби худ триптофан (аминокислота) дорад, ки серотонин (гармонҳои хушбахтӣ) истеҳсол мекунад. Триптофан аз ҳисоби ғизои истеъмолшуда ба вуҷуд омада, норасоии он ба афсурдаҳолӣ ва хурӯҷи дарди сар оварда мерасонад;
Шир
Шир низ ба монанди банан дар таркибаш аминокислотаи триптофан дорад. Инчунин шир ба воситаи витаминҳои зиёди гурӯҳи В системаи асабро солим нигоҳ дошта, бевосита димоғро чоқ мекунад. Илова бар ин шир сарчашмаи калсий буда, фаъолияти мӯътадили системаи асаб нигоҳ медорад.
Помидор
Помидор дорои вояи зиёди зарурии магний барои мӯътадил нигоҳ доштани системаи асаб мебошад. Инчунин дорои витаминҳои зиёди гурӯҳи В мебошад. Моддаҳои триптамин, ки ба триптофан монандӣ дорад дар помидор зиёд буда, серотонин истеҳсол мекунад;
Моҳӣ
Моҳии серравғани баҳрӣ (салмӯн, озодмоҳӣ, моҳии намакин, гулмоҳӣ, самак, зағӯтамоҳӣ, сардина ва ғайра) низ ғизои зидди афсурдаҳолӣ мебошад. Моҳӣ сарчашмаи асосии кислотаи равғании омега-3 буда, аз стрес ва номӯътадилии серотанин ҳифз менамояд;
Қаламфур
Қаламфур низ ғизои баландкунандаи кайфият мебошад. Қаламфур дар таркибаш моддаҳои зиёди капсаитсин дошта, эндорфин (гармони баландкунандаи кайфият) истеҳсол мекунад. Бояд қайд кард, ки қаламфури тез нисбат ба қаламфури булғорӣ моддаи капсаитсинро зиёдтар дорад.
– таҳияи Саид Муъмин