Аҳамияти хоб барои рушди солими кӯдак

Барои рушди солими ҷисмониву равонӣ хоб дар ҳаёти кӯдак нақши муҳимро мебозад. Зеро бинобар хоби солим кӯдак оромтар, боинтизом ва саломат мешавад. Вале, агар кӯдак бехоб монад, ё низоми муайяни хобкунӣ надошта бошад, дар давоми рӯз беиштиҳо, асабӣ, эҳсосоташ ноустувор ва ғазабӣ мегардад.

Вақте навзод ба дунё меояд, анқариб дар як шабонарӯз бист соатро бо хоб кардан мегузаронад. Дар баробари калон шудан соати эҳтиёҷ ба хобкунии кӯдак низ кам мешавад. Кӯдак аз синни 6-моҳагӣ то 1-солагӣ 13-15 соат, аз синни 1,5-солагӣ 12-13 соат ва дар синни 6-солагӣ 10-12 соат хоби солим бояд дошта бошад.

Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, то ки соатҳои муҳими хобкунии кӯдакро назорат кунанд. Барои ин нозукиятҳои мазкурро риоя намоед:

Кӯдакро барои на аз ҳад зиёд ва на аз меъёр камтар хоб кардан маҷбур накунед. Кӯдаке, ки хоб кардан намехоҳад, маҷбурӣ аллагӯён нахобонед. Агар муҳит ва фазои макон мусоид бошад, кӯдак худ аз худ дар вақташ хоб карданро меомӯзад;

Кӯдак бояд дар муҳити табиии хона хоб карда тавонистанро омӯзад. Аз ҳад мағали зиёд ва ё оромии том барои хоби солим метавонад халал расонад. Зеро кӯдак ҳангоми хоб кардан дар ҳар тақу туқи кам ҳам хомхоба мешавад. Кӯдаки хомхоба кӯдаки асабӣ аст. Хоби солим дар муҳити муқаррарии хонавода таъмин шуда метавонад. Яъне, вақте кӯдак дар хона хоб аст, машғулият бо корҳои рӯзмарра бояд давом ёбанд;

Баъд аз ба синни 3-солагӣ расидан рахти хоб ва ё агар имкон бошад, ҳуҷраи хоби кӯдакро аз худ ҷудо кунед.

Вақти хобкунии кӯдак бояд мунтазам бошад ва барои вайрон нашудани ин интизом ғайрат кунед. Ҳамин тавр вақти хобкунӣ ва вақти аз хоб бедоршавӣ бояд муайян шуда бошанд;

Қабл аз хоб кардан нӯшидани шир метавонад кӯдакро ором кунад;

Ҳаргиз кӯдакро ҳамчун ҷазо барои хоб кардан нафиристед;

Ҳуҷраи хоби кӯдак бояд доим пок ва ҳавояш тоза бошад;

Ҳаргиз кӯдакро ҳангоми хоб кардан бо афсонаву таҳдидҳои ваҳшатомез натарсонед;

Пойҷомаҳои хобии кӯдак бояд тоза, озод ва матоаш мулоим бошанд;

Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳангоми хоб будани кӯдак ӯро танҳо гузошта аз хона наравед. Зеро, агар дар он дам кӯдак аз хобаш бедор шавад, гумон мекунад, ки ӯро партофта рафтаанд. Ин ҳолат барои рушди равонии кӯдак ва тарбияи шахсияти ӯ таъсири манфӣ мерасонад.


Модарони “ҳомӣ” ва фарзандони инҷиқ

Кӯдак бо роҳи тақлидкорӣ меомӯзад

Усули мақбул барои боинтизом ба воя расидани кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s