Чӣ тавр аз моддаҳои зарарноки дар таркиби сабзавот ва мева мавҷудбуда халос шавем? (1)

Зироаткорон ҳангоми кишт ва дар рафти парвариши меваю сабзавот ҷиҳати зудтар ва беҳтар ҳосил додани онҳо ва ҳам муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон аз нерӯи минералӣ ва маводҳои химиявӣ истифода мебаранд. Баъд аз ғундоштани ҳосил баъзе аз он заҳрхимикатҳо дар меваю сабзавот боқӣ мемонанд. Ва ба касе пӯшида нест, ки истеъмоли ин навъ маводи кимиёвӣ дар таркиби ғизо истеъмолкунандаро гирифтори ҳар гуна бемориҳо мекунад. Пас чӣ гуна метавон меваю сабзавотро аз ин маводҳои зарарнок пок намуд?

Карам: Миқдори зиёди нитратҳо дар баргҳои болоӣ ва ӯзаки (соқи) карам мавҷуданд. Аз ин рӯ қабл аз истеъмол баргҳои қисматҳои болоии карамро канда партоед.

Картошка: Дар картошка бошад маводҳои зарарнок дар зери пӯст ва миёнҷои он ҷамъ мешаванд. Барои ҳамин баъд аз тарошидани пӯст картошкаро сероб карда шӯед. Агар картошкаро дар об мейӯшонида бошед, обашро дар ғизо истеъмол накарда рехта партоед.

Қабақ, бодиринг, боимҷон: Бодирингҳо бояд ранги мулоими алафӣ (гиёҳӣ) дошта бошанд. Агар онҳо сабзи‐сиёҳ бошанд маънои онро дорад, ки дар таркибашон нитрат зиёд аст. Қабақ ва боимҷонҳои ҳосили аввал бояд пӯсташон гирифта шаванд. Қисмати думчаи ин сабзавотҳо мавзеи ҷамъшавии заҳрхимикатҳо мебошанд, аз ин сабаб онҳоро бурида партоед.

Кабудӣ (сабзавот): Заҳрхимикатҳо бештар дар рахҳо ва баргчаҳои забзавот мушоҳида мешаванд. Пеш аз он, ки онҳоро дар хӯрок илова кунед, муддати 1 соат дар об нигоҳ доред.

Лаблабу, сабзӣ, шалғамча (редиска): Миқдори зиёди заҳрхимикатҳо дар нӯг ва охири бехмеваҳо ҷамъ мешаванд. Аз ин рӯ он қисматҳо бояд бурида партофта шаванд. Аз қисмати болоии сабзӣ 1 см бурида гиред, зеро тамоми заҳрҳо дар ин мавзеъ мавҷуданд.

(давом дорад)


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s