Нақши бозича дар ҳаёти кӯдак

Омилҳои гуногун мавҷуданд, ки ба рушди равонии кӯдак таъсири мусбат мерасонанд. Бозӣ ҳамчун намуди пешбарандаи фаъолият дар тарбияи кӯдак яке аз ин гуна омилҳосет, ки нақши муҳим мебозад. Волидайн вазифадоранд, ки дар интихоби бозичаҳо ба хатоӣ роҳ надиҳанд. Зеро аксар бозичаҳои арзоне, ки дар бозору мағозаҳо барои муомилот бароварда мешаванд, тибқи тадқиқоти мутахассисон барои саломатии кӯдакон хатарнок буда метавонанд. Сифат ва бехатарии бозича барои солимии кӯдак, ки ӯро аз хурдсолӣ ҳамроҳ аст, ниҳоят муҳим мебошад. Бозича бояд ба синну соли кӯдак мувофиқат карда, ба инкишофи завқи санъат, ҳиссиёти эстетикӣ, барои икмол ёфтани малакаҳои зеҳниву ақлонии кӯдак мусоидат намоянд. Ҳар гуна бозӣ ва бозичаҳои кӯдакона бояд бо тараққиёти техникӣ алоқаманд бошанд, то моҳиятан дар инкишофи ҷаҳонбинии кӯдак нақш гузоранд. Ҳамин тавр қаторачаҳо, мошинчаҳо, ҳавопаймо, киштичаҳо, роботчаҳо ин хусусиятро дар худ доранд.

Кӯдаконро мебояд бо бозичаҳое таъмин кард, ки қобилияти созандагӣ ва бунёдкориро дар вуҷуди онҳо бедор сохта, идеяи меъмориро дар фикрашон ташаккул диҳанд. Дар ин маврид равоншиносон бозӣ бо биночаҳо, хоначаҳо, ҳавзчаҳо, гузаргоҳҳо ва дигар бозичаҳои ба ин монандро тавсия карданд. Ҳамчунин як қатор бозиҳое, ки андешаи созандагӣ ва ҳисси ободкории кӯдакро инкишоф медиҳанд, тавсия дода мешаванд. Аз ин рӯ муҳити кӯдакро ҳар чӣ зеботору рангинтар оро бояд дод. Дар ин маврид сохтмони паркҳои истироҳатӣ ва танзими боғчаҳо, ороиши дару тирезаҳои ҳуҷраҳои кӯдакон, муқоваҳои китоб ва ғайраро ҳамчун мисол номбар кардан мумкин аст.

Волидайнро зарур аст, ки ҳангоми харид бозичаҳои рангашон устувор, босифату пурбардоштро интихоб намоянд. Ҳангоми харид тамғаи бозича ва ба меъёрҳои байналмилалаӣ мувофиқ будани онро тафтиш бояд кард. Ҳамчунин ҳангоми интихоби бозича барои ҷинсияти кӯдак мувофиқат кардани кайфият, ранг ва нақш аҳамият диҳед. Ҳамин тавр дар писарбачаҳо ҳисси мардонагӣ ва дар духтарбачаҳо ҳисси латофату нозукият тарбия дода мешаванд. Аз бозичаҳое, ки кӯдакро ба ҷинояткорӣ, шиддат, бадахлоқӣ ва лавандӣ ташвиқ мекунанд, ҳазар бояд кард.

Ҳамчунин нақши бозиҳои фаъол низ бояд ҷой дошта бошанд. Кӯдаконро бештар ба бозиҳое, ки барои обу тоб ёфтани ҷисм мусоидат мекунанд, бояд ҷалб намуд. Мусобиқаҳои гуногун, ҷаҳидан, давидан, оббозӣ, аспсаворӣ, тӯппартоӣ, гӯштӣ, футбол, шиноварӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

– таҳияи Ризоева Лола


Аҳамияти хоб барои рушди солими кӯдак

Тифл

Модарони “ҳомӣ” ва фарзандони инҷиқ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s