Даст аз тамаъ бишӯй!

Инсон ҳарчанд маишати фардо ва пасфардояшро беш­тар фикр мекунад, дар вай эҳсосоте ба монанди ҳирсу тамаъ таҳрик ёфта, худхоҳиаш авҷ мегирад. Ин дар ҳолест ки дастра­сии ризқи ҳалол на ба дараҷаи бузургиву солмандӣ, балки ба аҷзу ниёзмандист. Инсон, ки ин ҳақиқатро сарфи назар кард, ба тамаъкорӣ рӯ меорад. Тамаъ бошад навъи бадахлоқиест, ки дар натиҷаи идора карда натавонистани хоҳишҳо ҷиҳати ба даст овардани молу сарват пайдо мешавад. Ҳар қадар ки ҷамъоварии молу сарват бештар шуд, ҳисси қаноатмандӣ гум мешавад, балки ҳирс бештару бештар боло мегирад. Ба фаҳмиши дигар ҳирсу тамаъ кашиши ғайритабиие барои ба даст овардани фоида ё пули бедардимиён аст. Ин кашиш раф­та-рафта ба ҳаде қувват мегирад, ки инсонро ба бутпарастӣ мерасонад. Яъне инсон надониста побанди хоҳишҳо мегар­дад, молпараст мешавад, сарватдӯстдор мегардад. Молпарстӣ бошад дар шахс ҳирси соҳиби маблағи зиёд шуданро ба миён меорад. Вале инсонҳои тамаъкор ё ҳарис ҳар қадар ки соҳиби мол мешаванд, ҳамон андоза хушбахтиро эҳсос намекунанд, худро мисли Қорун ва сарватмандони афсонавӣ меҳисбанд. Дигар одамон дар назарашон наметобанд, муҳити атрофро намебинанд. Ба назарашон танҳо ҳамоне менамояд, ки ба онҳо фоида меорад.

Тамаъкорӣ аз он ҷиҳат ҳам бад аст, ки метавонад як қатор бадахлоқии дигарро ба миён биёрад. Масалан, тамаъкорӣ бо вобастагӣ ё муътод аз ҳам ҷудонопазиранд. Вобастагӣ инсон­ро аз дохил мехӯрад ва руҳи ӯро хароб месозад. Ва инсони ҳарис чунон мешавад, ки аз ҳар кас фоида ба даст овардан мехоҳад. Чунин як нафарро ҳеҷ як ҳолату вазъият монеъ шуда наметавонад, ҳатто бадбахтии дигарон. Зеро дар ниҳоди вай ҳисси ба даст овардани манфиат чунон қувват гирифтааст, ки дигар ҷой барои раҳму шафқат ба атрофиён боқӣ намондааст.

Ҳамин тавр ҳарис бо дасти худаш хушбахтиашро маҳв месозад, зеро хушбахтӣ дар қалби инсонҳои манфиатхоҳ ва ҳарис вуҷуд дошта наметавонад. Онро, яъне хушбахтиро танҳо накуӣ, хоҳиши аз ҳад зиёди ба дигарон фавқ кардан, ёрмандӣ ва хайру эҳсон парвариш медиҳад. Маҳз барои ҳамин ҳирс ва тамаъ, манфиатхоҳӣ оромиши ҳақиқӣ, хушҳолӣ ва некуаҳволиро таъмин карда наметавонад.

Сабаби тамаъкорӣ он аст, ки дар инсонҳо фаҳмиши арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва фарҳангии ҳаёт тағйир меёбад. Инсоне, ки аз пулу мол сер нашудааст, иштибоҳан дороиро ҳамчун хушбахтӣ қабул мекунад.

Бешубҳа, ҳарисӣ ва тамаъ рафта-рафта ба беморӣ бадал мешавад ва инсон мехоҳад, ки ҳама чиз ба хости вай ба нафъи вай тамом шавад. Ба ибораи дигар тамаъ зодаи худхоҳии ин­сон аст. Инсонҳои тамаъкор ва ҳарис вақтро ҳамеша барои он сарф мекунанд, ки зиндагии худро зебову муҷалло намоянд ва барои муваффақияташон омодаанд, ки ба дигарон зиён ра­сонанд.

Илова бар ҷанбаҳои манфии номбаркарда, тамаъкорӣ инчунин зуҳуроти дигари номатлубро ҳам ба дунбол до­рад. Ин хислати зишт ҳақи худиву бегонаро намешиносад, инсонҳоро ба иҷрои ҷиноёти вазнин ва мудҳиш тела медиҳад, ба қонунвайронкунӣ вомедорад, инсонро ба махлуқи вобаста ва беҳадаф табдил медиҳад.

Худхоҳиву тамаъкории инсон дар ҳолест ки дарахтон барои он ки сабз бошанд, ба обу ғизову нури офтобу минералҳо эҳтиёҷ доранд, вале дар ҷояшон истода ниёзҳояшон бароварда меша­вад, ризқашон ба онҳо мерасад. Ё камқувваттарин ҷонварон берӯзӣ намемонанд… Пас, ҳирси беҷо ва тамаъкорӣ чи лозим?

Соиби Табрезӣ барҳақ гуфта буд:

Даст аз тамаъ бишӯй, ки аз шумии тамаъ,
Дар ҳаққи худ дуои гадо нест мустаҷоб!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Дар суроғи осоиш

Тавсияҳои манфиатбахш аз Томас Эдисон

Шаппотӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s