Помидор метавонад саратони меъдаро пешгирӣ кунад

Олимони италиявӣ муайян кардаанд, ки моддаи ликопин (Lycopene), ки дар таркиби помидорҳои сурх мавҷуд аст, метавонад хатари ташаккули ҳуҷайарҳои саратониро дар меъда пешгирӣ кунад.

Тадқиқот доир ба таъсири мусбати помидор ба меъдаи инсон хеле вақт аст, ки давом дорад. Ҳамин тариқ соли 2013 як гурӯҳи олимони амрикоӣ муайян карданд, ки истеъмоли зиёди помидор дар ғизоҳо ба коҳиш ёфтани хатари саратони меъда робита дорад. Мутахассисони британиӣ бошанд дар маҷаллаи “Oxford Academic Journal of National Cancer Institute” натиҷаи омӯзиши худро нашр карда, дуруст будани ин назарияро тасдиқ намуданд. Олимони британӣ 12 ҳолатро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки дар онҳо робита миёни истеъмоли помидор ва хуруҷи саратони меъда мушоҳида шудааст.

Донишмандони италиявӣ навъҳои гуногуни помидор ва маводи ғизоии таркиби онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Онҳо муйаян кардаанд, ки хосияти зидди саратонии помидор ба моддаи муҳим барои бадани инсон – ликопин марбут аст. Маҳз ликопин микрофлораи беморзоро дар рӯдаҳо нобуд карда, иштиҳо ва сатҳи холестеринро дар бадан муътадил нигоҳ медорад. Даниэла Бароне корманди Маркази омӯзишҳои онкологии “Mercogliano” (CROM) аз Италия мегӯяд, барои кам кардани хатари ташаккули ҳуҷайраҳои саратонӣ, ихроҷи ин модда аз таркиби помидор лозим нест.

Коршиносон мунтазам хӯрдани помидорро тавсия медиҳанд, вале набояд як ғизои томро бо онҳо иваз намуд. Помидор хусусан бо омезиши равғани растанӣ ё панир хеле муфид аст. Моҳияташ ин аст, ки ликопин дар равған хубтар ҳал мешавад. Равған бошад дар рӯда аз дигар моддаҳо дида беҳтар ҳазм мешавад. Бидуни омезиши помидор бо равған ҳазми он мушкилтар хоҳад шуд. Илова бар ин истеъмоли помидорҳои сурх тавсия дода мешавад, зеро моддаи зикршуда дар таркиби намудҳои помидори зард, гулобӣ ё сабз вуҷуд надоранд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Аввал хӯрок ва баъд нӯшокӣ, ё баръакс?

Ҷигарро саломат нигоҳ доред!

Чӣ тавр аз моддаҳои зарарноки дар таркиби сабзавот ва мева мавҷудбуда халос шавем?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s