Хирадманд ва саг

Хирадманде дар назди дарёча нишаста буд. Ногаҳон чашмаш ба саге афтид, ки сахт ташна буд. Аммо ҳар боре, ки назди дарёча омада об нӯшиданӣ мешуд, об наменӯшиду боз ба ақиб гашта мерафт. Ин амали саг диққати хирадмандро ба худ ҷалб мекунад. Дарк кард, ки саг сахт ташна мондааст. Вале ҳарборе саг ба назди дарёча омада, мехост об нӯшад, аз сояаш тарсида мегурехт. Барои ҳамин ҳам об нанӯшида мерафт.

Дигар саг тоқати ташнагӣ надошт ва худро ба дохили дарё андохт. Акнун ба чизе аҳамият намедод, зеро ташнагӣ ғолиб омада буд. Ҳамин тариқ ба ӯ муяссар шуд, то ин ки ташнагиашро бартараф кунад.

Хирадманд баъди пайгирии манзара чунин хулоса баровард:

Рафтори баъзе аз инсонҳо низ ба ҳамин саг монанад аст. Зеро бештари вақт барои амалӣ гаштани хоҳишҳояшон онҳо талош мекунанд, аммо тарс доим садди роҳашон мегардад. То он ки шахс тарсу ҳаросро дар худ бартараф накунад, ба хостаҳояш расида метавонад.

P.S: Дар ин ҳикоячаи хурдакак ҳамчунин дарси ибрат он аст ки, мард ҳарчанд хирадманд буду соҳиби малакаву дониши зиёд, аммо тавонист аз ҳоли он саг барои худ дарсе барорад. Барои ҳамин ҳам ҳар чизеро, ки аз худ кардаӣ бо дигарон тақсим кун. Шояд аз ту ҳам барои дигарон дарси ибрате бошад.

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Қисмат

Ман кӣ будани ӯро медонам…

Дарахти изтироб

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s