Хатари маҳсулоти мағоргирифта

Марианна Грейвли (Marianne Gravely), коршиноси бехатарии озуқаворӣ аз Вазорати кишоварзии Амрико мегӯяд, истеъмоли нон ва дигар маҳсулоти хамирии мағоргирифта ба саломатии инсон зарар дорад. Азбаски сохти нон мулоим аст, ҳангоми буридан ё шикастани он решаҳои мағор метавонанд бо осонӣ ба қисмати дарунии он роҳ ёбанд. Аз ин рӯ, агар маҳсули хамирӣ ба пуррагӣ мағор нагирифта бошад, танҳо қисмати болоии онро бурида партоеду баъдан онро истеъмол намоед. Вале табибон зикр мекунанд, ки аксар вақт нони болояш мағоргирифта, аз дохил низ бактерияҳои зиёдро дорад.

Хатари маҳсули мағоргирифта

Баъзе аз намудҳои мағор безарарнд, онҳоро хӯрдан мумкин аст. Масалан панирҳои навъи дорблю, бри ва ё камамбер аз қабили онҳоянд. Лекин мағор дар маҳсули хамирӣ барои саломатии инсон хатарнок аст. Он метавонад боиси хуруҷи аллергия ва мушкилӣ марбут ба роҳҳои нафаскашӣ гарданд. Ҳатто бӯй кардани чунин маҳсулот хатар дорад. Нони вайроншударо ба халтаи полиэтилени печонида ба партови сарпӯшдор, ки барои кӯдакон ё ҳайвонот дастрас набошад, бояд партофта шавад.

Бо маҳсулоти дигар чӣ бояд кард?

Агар дар меваҳои мулоим, гӯшт ё мурабо мағорро мушоҳид кунед, аз истеъмоли онҳо даст кашида, ҳар чӣ зудтар нобуд кунед. Вале меваҳои сахтро метавон баъд аз бурида партофтани қисмати мағоргирифта боз истеъмол намуд. Ҳамчунин навъҳои панир ва сабзавоти сахти қисми болоияшон мағоргирифтаро низ баъд аз бурида партофтани мағор метавон боз истеъмол намуд. Вале боз ҳам пеш аз истеъмоли он бодиққат аз назар гузаронед.

Маҳсулоти ғизоӣ чӣ гуна нигоҳдорӣ шаванд?

Хонум Грейвли тавсия медиҳад, ки пеш аз харидани маҳсулот онҳоро бодиққат аз назар гузаронед. Агар дар миёни қулфинайҳои зиёд якчанд қулфинае пайдо кардед, ки онҳоро мағор гирифтааст, лозим нест, ки ҳамаи қулфинайҳо партофта шаванд. Меваҳои зарардидаро аз меваҳои солим саривақт ҷудо кунед. Сараввал меваҳоро дар яхдон нигоҳ доред. Ва аз ин ҳам муҳимтар дохили худи яхдон бояд доим тоза бошад.

Аксар вақт маҳсулоти ғизоӣ бинобар он вайрон мешаванд ё мағор мегиранд, ки онҳо вақти зиёд дар яхдон ё рафъҳои хона мунтазири замони истеъмол мешаванд. Аз ин рӯ ҳангоми бозорӣ кардан меъёрро риоя намоед. Ба қадре харид кунед, ки он меъёрро саривақт истеъмол карда метавонед. Аз ҳад зиёд ғизо харида ва баъдан онро то вайрон шудан дар яхдон нигоҳ доштан кори оқилона нест. Аз исрофкорӣ дур истед!

– таҳияи Достиев Неъмат


Варзиш инсонро оқилтар мекунад

Депрессия ва сактаи дил

Помидор метавонад саратони меъдаро пешгирӣ кунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s