Кӯдакро ҳаргиз паст назанед!

Ҳаргиз кӯдакро лақаб монда, ӯро бо калима ва номҳои таҳқиромез фарёд накунед. Баръакс, ӯро бо ном ва сифатҳои хушу пурмуҳаббат садо кунед. Чунин ҳолат барои рушди равонӣ ва инкишофи ҷанбаҳои созандаи шахсияти ӯ мусоидат мекунад.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ному лақабҳои қабеҳ дар ҳофизаи кас то ба охири умр хотирмон мешаванд. Дар баробари ин калима ва суханҳои нек низ то ба охир дар мағзи сар ҳифз мешаванд. Аз ин рӯ дар зеҳну хотираи кӯдак ном ва суханҳои зеборо нақш кунед.

Суханҳои қабеҳ ва умедшикан, ҳарчанд бо мақсади огоҳ ва танбеҳ ҳам ба забон оварда шаванд, доим таъсири манфӣ мерасонанд. Ва аз он ки кӯдакро умед бахшида барои анҷоми коре ташвиқ намоянд, ӯро дилшикаставу дилозурда мекунанд. Вақте кӯдак дарс кардан намехоҳад ва волидайн ӯро “Ту танбалӣ!” гӯянд, пас онҳо дар гузашта рӯзҳои дарстайёркунияшро низ инкор кардагӣ мешаванд. Ҳарчанд ӯро “Ту беодобӣ!” гӯем, соатҳои баъдӣ кӯдак дар назарамон боз ҳам ба ширинтарин махлуқ табдил меёбад. Чунин эҳсосоти бо ҳам зидди волидайн дар мағзи сари кӯдак духӯрагиҳоро ба вуҷуд меорад, ки барои нуфуз ва эҳтироми волидайн қабулнопазир аст. Бахусус кӯдакро бо сифат ва номи чорпоён фарёд кардан, таҳқир ба шараф ва манзалати инсонӣ мебошад.

Ба чунин эҳсосоти ноустувори мавҷдор бештар модарон гирифтор мешаванд. Азбаски аксари онҳо нисбат ба падарон ҳиссӣ фикру амал мекунанд, модарон метавонанд дар як дам кӯдакро бинобар рафтори ғалаташ ҳам лаънат кунанд ва ҳам баъд аз дақиқае боз ӯро бо меҳру муҳаббати зиёд ба оғӯш гиранд. Аз ин рӯ занонро лозим меояд, ки ҳангомми муомила бо фарзанд ба ин ҷиҳати нозуки масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Тавсияҳо

Кӯдаке, ки додарашро озор медиҳад, аз он ки ӯро “Ту гандаӣ!” гӯем, “Ин навъ рафторат қабулнопазир аст!” гуфтан беҳтар аст;

Аз ин ки “Ин кор аз дастат намеояд! Ту наметавонӣ!” гӯем, “Медонам, ки ин кор душвор аст, вале барои санҷидани қувваи худ ба ин кор даст заданат шоёни тақдир аст!” гуфтан мақбултар аст;

– Аз он ки ӯро бокасе муқоиса карда “Фалонӣ боақлтар аст!” гӯем, “Фалонӣ дар мактаб аълохон аст!” гуфтан хубтар аст;

Ҳамин тавр ҳангоми муомила бо кӯдак бар ивази калимаҳои “шармгин” – “бодиққат”, “якрав” – “боғайрат”, “дағал” – “ҷасур”, “инҷиқ” – “соҳибзавқ”, “ба ҳама чиз бинӣ хала мекунад” – “мароқ зоҳир мекунад, ҷӯянда”-ро ба кор бурдани волидайн, оқилона хоҳад буд.


Нақши бозича дар ҳаёти кӯдак

Модарони “ҳомӣ” ва фарзандони инҷиқ

Аҳамияти хоб барои рушди солими кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s