Зебо бингарем!

Дар рӯзгори мо, ки ҳодисаҳо бештар бо шакли зоҳириашон шинохта ва таҳлил карда мешаванд, ҳаросу ноумедӣ, талошу ҳаяҷон ва андешаву тараддудро ба миён меоранд. Баъзеҳо дар баробари ин ҳодисаҳо ниятҳои зишт, гуфтору кирдорҳои дурӯғу сохта ва ҳирсу гурусначашмии инсонҳоро дида, комилан ноумед мегарданд, чӣ кор карданашонро тасмим гирифта наметавонанд. Масалан, бо ду-се нафар ҷавонони 20-22 солае, ки тайи ҳафтаҳои охир ҳамсӯҳбат шудам, дар онҳо ҳамин ноумедиро ба таври фавқулодда мушоҳида кардам. Яке аз онҳо, ки сахт маҳзун менамуд, гуфт:

– Дар атрофам ҳама чиз дурӯғ аст. Инсонҳо дурӯғ мегӯянд, ҳодисаҳо бо дурӯғ ҷараён доранд. Ҳарчанд фикр мекунам, дар ҳаёт ягон маъное ёфта наметаво­нам. Ҳатто баъзан ба ҳамин хулоса мерасам, ки зиндагии инсон ху­даш маъно надорад…

Аз вай мепурсам, ки чӣ ба ин фикр водораш кардааст. Мегӯяд, дурӯғи инсонҳо ва меафзояд:

– Агар қаблан дурӯғро мешунидам, ҳоло онро мебинам.

Нигоҳи ҳайратомези маро пай бурда, суханашро шарҳ медиҳад:

– Яъне аввалҳо мешунидам, ки фалонӣ дар бораи касе як гапро гуфтаасту баъд аз чанде маълум шудааст, ки асли он гап дигар будааст. Яъне гӯянда гапи аслро нагуфтааст, дурӯғ гуфтааст. Дурӯғро диданам он маъноро дорад, ки инсонҳое имрӯз зиёд шудаанд, ки дар ҳузури шумо дар бораи як нафар гапҳои сахт мезананд, вале ҳамин ки он нафар дар пешатон пайдо шуда, ё омада бо шумо салому ҳолпурсӣ кунад, нафари танқидгар чунон самимӣ ва бо чеҳраи кушоду бо табассум ҳолпурсиаш мекунад, ки ҳайрон мемонед.

– Инро дурӯягӣ ё риё мегӯянд, –илова кардам ман.

– Чӣ фарқ дорад, ҳар ду ҳам нодуруст-ку? –мегӯяд ҷавон.

Ба гуфтаҳояш аҳамият медиҳам, як бори дигар онҳоро фикр мекунам ва мепурсам:

– Зиндагиро бемаъно хондан аҷиб нест ба назарат?

Каме ба фикр меравад ва сар бардошта меафзояд:

– Хайр, ана, худатон гӯед, ки чӣ маъно дорад ҳамин хел зиндагӣ, вақте ки духтараки навхонадоршуда, ки издивоҷашро ҳоло як сол сипарӣ нашу­дааст, гирён шуда, шикоят мекунад, ки ҳаёти оилавиаш хуб нест: шавҳараш бероҳагардӣ мекунад, ӯро мефиребад? Ё ин ки корхона ё ташкилоте озмуни ҷои кор эълон мекунад, шумо муроҷиат мекунед, иштирок мекунед, дар ин муддат бо иштирокчиёни дигар ҳам шинос мешавед, сатҳи дониши кадомаш чӣ қадар аст, маълуматон мегардад. Вале мебинед, ки дар натиҷаи озмун боз ҳамон як нафаре ба кор қабул шудааст, ки нисбат ба дигар иштирокчиён дониши сусттар дошт. Баъд мефаҳмед, ки масъалаи озмун хеле пештар ҳал шуда будааст.

– Манзуратро фаҳмидам, –гуфтам ман, –вале ноадолатиҳои инсонҳо, амалҳои зишти онҳоро дида, бо ҳаёт қаҳрӣ шудан даркор нест. Зеро он чӣ, ки моро дилозурда месозад, ҳаёти ин дунёст, на худи ҳаёт.

Бо чашмони калон кушода ба сӯям нигариста мепурсад:

– Боз ҳаёти дигар ҳам ҳаст?

– Нест магар?

Дидам, ки ба сукут рафт, хостам суҳбатамонро хулоса кунам:

– Дар асл ҳар он ҳодисае, ки дар назари мо нохуш менамояд, ҷанба ё паҳлуҳои зебое ҳам дорад, ки мо намедонем, ё  дида наметавонем. Баъзан чунон амалҳо, чунон ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки агар ба зоҳирашон нигариста баҳо диҳем, ягон ҷиҳати мусбат надоранд ва ҳеҷ як зебоиеро ифода намекунанд. Вале бо шакли дарунӣ, ё ботинашон онҳоро баҳо диҳем ва он паҳлуҳояшро, ки ба ҳама кас ва ҳама чиз нигаронида шудааст, шиносем, бовар дорам, ки ба ҷои оҳу фиғон ва шикоят карданҳо дар ҳайрат мемонем ва мегӯем: “Беҳикмат набудааст!” Парвардигор ҳам дар каломаш фармудааст: “Шояд ки шумо чи­зеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.”

– Пас, биё, ки зебо бингарем, то ҳодисаҳо зебо ва ҳаёт ҳам ба ҷои бемаъ­но намудан лаззатбахш намояд! –даъват кардам ӯро.

Бо чеҳраи кушода ва моил ба табассум гуфт:

– Ку, як санҷида бинам чи..!

Башир Усмон. ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Даст аз тамаъ бишӯй!

Дар суроғи осоиш

Кӯдакро ҳаргиз паст назанед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s