Нобаробар тақсим намудани муҳаббат байни фарзандон

Нобаробар тақсим намудани муҳаббат байни фарзандон аз ҷониби волидайн як амали нохушоянду ноҷост. Зеро ин ҳолат боиси ҷудоиандозӣ ва нафратангезӣ миёни аҳли оила мегардад. Мо – волидон, банди корҳову масъулиятҳои рӯзгордориямон аксар маврид ба ин масъалаи нозук кам таваҷҷӯҳ менамоем.

Ба яке аз фарзандон зиёд аҳамияту имконият медиҳему ба дигаре камтар. Қобилиятҳои хуби якеро нодида мегирему ба дигарӣ бештар имконият медиҳем. Яке таърифӣ мешаваду гоҳо худхоҳу раҳнамо, дигарӣ беиродаву нобовар ба худу қобилиятҳои худ. Даҳшатовар он аст, ки ин гуна муносибат аз назари фарзандон дур намемонад, онҳо низ ин нобаробариро эҳсос мекунанд. Мисли Фарҳод, ки як хаставу хиҷил шуда, дар дил аз модар шикоят дорад: “Чаро ба ӯ камтар таваҷҷӯҳ доранду ба бародараш зиёдтар? Чаро ҳарчи ки Одил гӯяд, модар кӯшиш мекунад то хостаи писарашро бароварда созаду ба ҳарфу андешаҳои ӯ бепарвост? Чаро дар ҳалли ҳамаи корҳо маслиҳату назари бародарашро мепурсанду аз вай дар ин бора суоле намекунанд?” Охир ӯ ҳам ба гуфтаи атрофиён бачаи хушодобу чақкон ва хубхону баандеша аст ку?

– Чӣ камбудист маро, ки аз назари падару модар дур мондаам, чаро чунин аст? Ё шояд ман хато мекунам? Оё каси дигар ҳам чунин эҳсос дорад?

Ин суолест, ки Фарҳод мехоҳад посух пайдо намояд.

Воқеан ҳам нобаробар тақсим намудани таваҷҷӯҳ байни фарзандон боиси рӯҳафтодагӣ ва беиродагии шахс мегардад. Ин ҳолат ба гуфтаи равоншинос Маҳмадулло Давлатов дар аксари оилаҳои рӯи дунё дида мешавад. Агарчӣ ба як назар чандон мушкили ҷиддӣ ҳам нанамояд, аммо оқибатҳои ногуворро дар пай дорад.

Ба назари ман, робитаи модар бо кӯдак қавитар аз ҳар муносибатҳои дигар аст. Агар гарму самимист ва ё хушку сард, ҳамагӣ муассиранд. Ба гунаи мисол, модаре мегӯяд вақте дар таваллудхона кӯдаки навзодамро парасторӣ мекардам, ҳушу ёдам бо духтарчаи калониям бештар банд буд, зеро аввалин бор буд, ки аз Фурӯғи дусолаам ҷудо гаштам. Хеле дилтанг будам то зуд ба хона баргардам.

Баъд аз гузашти ду-се моҳ модар мушоҳида намуд, ки Фурӯғ зуд-зуд чашмак мезанаду он ҳангом бо дасташ як ҳаракати ноҷо ҳам мекунад. Модар ба ташвиш афтоду ба духтури асаб муроҷиат намуд. Духтур гуфт, аз сабаби он ки шумо ба кӯдаки навзодатон зиёдтар таваҷҷӯҳ кардеду Фурӯғ аз назарҳо дур монд, вай гирифтори мушкилоти вобаста ба асаб шудааст. Духтур машварат дод, ки барои рафъи ин ҳолат шуморо мебояд барои ин кӯдакатон низ фурсат ёбеду меҳрубонӣ кунед, бо ӯ ҳам бозӣ кунед. Дар ҳақиқат баъд аз ду-се ҳафтаи меҳрубониҳову таваҷҷӯҳи модар Фурӯғ он ҳаракатҳои ноҷои чашму дасташро фаромӯш кард. Акнун модар мекӯшад то барои ҳама фарзандонаш вақт ёбаду сӯҳбату меҳрубонӣ кунад.

Хонандаи арҷманд, ин худ мисоли воқеиест, ки бетаваҷҷӯҳии волидайн, махсусан адами таваҷҷӯҳи модарон ба фарзанд чунин мушкилотро ба бор меорад. Аз чунин муносибат ҳам кӯдаки дусола ва ҳам ҷавони бистсола метавонад бемор шавад. Ҳамчунин нобаробар таксим намудани муҳаббат боиси рӯҳафтодагӣ ва дилшикастагиву ҷудоиандозӣ байни фарзандон мегардад. Мо – волидон, ин корро хеле саҳлу содда мепиндорем ва аз оқибатҳои даҳшатбори он намеандешем. Ба сар овардани ин андеша, ки гуё ба яке аз фарзандон бештар мухаббат дорему ба дигаре камтар хеле сангин аст. Чун доим нозири амалҳову муносибатҳои хеш нестем, гоҳо фаромӯш менамоем, ки падар ё модар будан қабл аз ҳама масъулияти бузургро бар дӯш доштан аст.

– Дилошӯб


Кӯдак ба меҳру муҳаббат эҳтиёҷ дорад

Оё кӯдаконро бо ҳам қиёс кардан дуруст аст?

Тавсияҳо барои хушнуд ба воя расидани кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s