Тавсияҳо барои баланд бардоштани самаранокии корӣ аз пешоҳангони олами технология

Марк Зукерберг, Билл Гейтс ва Илон Маск яке аз сарватмандтарин нафарон дар дунё дониста мешаванд. Ҳар яки онҳо пешсафони олами технологияҳои муосир мебошанд, ки сохтори ҷамъиятиро алъон ё дар оянда иваз хоҳанд кард. Тамоми дастовардҳои чунин нафарони пешоҳанг тасодуфӣ набуда, маҳсули меҳтани мунтазам ва танзими вақти пурсамар аст, ки дар натиҷаи одатҳои мусбати ҳаррӯза ба даст оварда шудаанд.

Майл ба содагӣ

zuckerbergРоҳбари Ширкати “Facebook” Марк Зукерберг ҳаррӯз либоси як ранг мепӯшад. Ба иқрори худи Марк ин амал дар сарфаҷӯйи нерӯю вақт ва раҳоӣ аз тасмимҳои беҳуда дар интихоби либос кӯмак мекунад. Ин майли миллиарддор ба содагӣ на танҳо дар интихоби либос, балки дар самтҳои дигар ҳаёти ӯ низ мушоҳида мешавад.

Масалан, ӯ ба монанди баъзе аз роҳбарони ширкатҳои дигар автомобилҳои гаронарзишро тарҷеҳ надода, савораи тамғаи автомобилии “Acura” аст. Дар хона низ Марк ба усули зисти “минимализм” афзалият медиҳад. Аз ашёи зиёдатӣ халос шуда, ӯ метавонад комилан рӯйи корҳои худ тамаркуз шавад. “Фикр мекунам агар вақти худро барои чизҳои беҳудаю ночиз сарф кунам, корамро анҷом дода наметавонам. Ман хубтараш ҳама қувватамро барои беҳбудии ширкати худ сарф мекунам”, –мегӯяд Марк Зукерберг.

Ҳафтае дур аз тамаддун

gates.jpgБилл Гейтс роҳбари Ширкати “Microsoft” ҳанӯз соли 2006 сири пурсамарии фаъолияти худро шарҳ дода буд, ки ба ӯ имкон медиҳад дар ҷараёни пуртуғёни мактубу паёмҳои электрони ғарқ нашавад. Барои ин вай якбора аз се монитор истифода мебарад. Дар яке аз онҳо ҳамаи паёмҳои воридотӣ, дар дигар мактубҳое, ки ӯ айни ҳол бо онҳо машғул аст ва дар сеюмӣ “мизи корӣ”‐и (desktop) ӯ фаъол аст. Ҳамин тавр Гейтс вазифаҳои мавҷударо аз хотир набароварда, ба ҳар яки он ба миқдори зарурӣ вақт ҷудо мекунад.

Билл Гейтс ҳар сол 1 ҳафта ҷиҳати дур шудан аз фазои рақамӣ ба хонаи худ, ба ҷангал меравад. Ҳамроҳи худ танҳо китоб ва ҳуҷҷатҳоро мегирад. Гейтс аз ҳама омилҳои халалрасон дур шуда, тӯли 7 рӯз он қадар китоб мутолиаву мулоҳиза мекунад, ки дигарон дар як сол анҷом дода наметавонанд. Ӯ дар ин муддат ҳадафҳои ояндаро ба нақша мегирад, ширкатҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ карданист, омӯхта мебарояд ва натиҷаи соли сипаришударо муҳокима мекунад.

Мукаммалият дар санъати бисёрвазифагӣ

muskИлон Маск роҳбари ширкатҳои “SpaceX”, “Tesla Inc.” ва падари 5 фарзанд аст. Нависанда Макс Чафкин дар бораи ӯ чунин гуфтааст: “Тӯли рӯз ӯро ду чиз фаъол нигоҳ медоранд: кофеин ва орзуе, ки як рӯз одамонро дар сайёраи Миррих хоҳад дид”.

Ғайр аз ин Илон Маск ба таври комил санъати бисёрвазифагиро (multitasking) аз худ кардааст. Масалан, вай дар як вақт метавонад нома фиристода, суратҳисобҳоро аз назар гузаронад. Аз гуфтугӯи телефонӣ канда нашуда, ҷаласа барпо кунад. Маск танҳо 15 соати худро дар коргоҳ мегузаронад, вале ба иқрори худаш ҳамеша машғули кор аст.

Албатта на ҳар кас хоҳиш дорад дар як рӯз 15 соат кор кунад, ё роҳбарии ширкатҳои бузургро ба ӯҳда дошта бошад. Вале мо мехоҳем ҳама корҳоро дар вақташ анҷом дода, барои чизҳои бароямон муҳим вақт пайдо кунем. Пас чаро аз шахсиятҳои муваффақ дар ин самт сабақ нагирем?

– таҳияи Достиев Неъмат


Тавсияҳои манфиатбахш аз Томас Эдисон

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s