“Не!” гуфтанро омӯзед

Ҳар вақте волидайн бинобар дағалӣ, фишор ё аз ҳад зиёд овоз баланд кардан ба кӯдак, худро “гунаҳгор” мешуморанд, барои ба ҷой овардани ҳар хоҳишу талаботи кӯдак омода мешаванд. Ҳамин тавр онҳо умед мебанданд, ки кӯдак “гуноҳ”-ашонро мебахшад. Ҳол он ки волидайн новобаста ба ҳолати равонияшон бояд нисбат ба хоҳишу талаботи беҳудаву бефоидаи кӯдак истодагарӣ карда, “Не!” гуфта тавонистанро омӯзанд. Агар хоҳиши кӯдак барояш фоидае намеоварда бошад, ба чашмонаш нигоҳ карда, бо камоли ҷиддият “Не!” гӯеду худро “гунаҳгор” нашуморед. Зеро:

Майли кӯдакро аз ҳар ҳаваси беҳуда гардонидан, интизомро тарбия медиҳад – на ҳама чиз бинобар орзуву хоҳишаш амалӣ мешавад! Ин раванд барои ташаккули психикаи устувор ва дарки масъулиятдорӣ кӯмак мекунад;

Дар вақти муносиб “Не!” гуфта тавонистан, кӯдакро нисбати падару модараш боэҳтиром, гапдаро ва ҷиддӣ буданро меомӯзонад. Чунин шинохти волидайн аз ҷониби фарзанд дар тӯли ҳаёт муҳим аст. Ӯ дарк мекунад, ки падар ва модараш ашхоси баркамолрасида, оқил, болиғ, боэътимод ва нафароне ҳастанд, ки ҳар вақте мушкилие сар занад, кӯдак метавонад ба онҳо такя кунад;

 Агар ҳар майлу ҳаваси кӯдак қабул шавад, ӯ гумон мекунад, ки дар дунё ҳар хоҳишу талаботаш бе чуну чаро қабулшавандаанд. Ҳол он ки дар ҳақиқат чунин нест;

Ба ҷой овардани ҳар хоҳиши кӯдак паёмадҳои манфиро дороанд. Минбаъд ӯ ҳар дам ҳар чизе хоҳад талаб мекунад. Новобаста ба он ки волидайн тавоноии ба ҷой овардани ҳар орзуи фарзанд ҳастанд, дар кӯдак тарбия додани ин навъ хислат барои ташаккули шахсияти заифирода, эрка ва холӣ аз эҳтироми хислатҳоо волои башарӣ мусоидат мекунад. Ҳол он ки кӯдак бояд омӯзад: интихоб карда тавонистани яке миёни ду чиз, барои ба даст овардани чизе сабр кардан, на ҳама чизе ки мо мехоҳем, доим дастрас аст. Агар кӯдак сабр кардан ва мувозинатро риоя карда тавонистанро наомӯзад, эҳтимол, дар тӯли ҳаёташ ҳамчун нафари номуваффақ ба воя мерасад;

Дар ин миён бояд зикр кард, ки волидайн қарори “Не!”-ро на ҳамчун нафари золим ва авторитарии оила ба забон оранд, балки мувофиқ ба синну соли кӯдак сабаби рад гаштани хоҳишашро фаҳмонида диҳанд. Яъне дар баробари нишонд додани бемантиқ будани хоҳиши кӯдак, ҳамзамон волидайн боҳикамт будани қарорро бояд фаҳмонанд. Баъзан дар мағозаи бозичафурӯшӣ кӯдак ҳар бозичаи дидагияшро ҳавас карда, хариданашро талаб мекунад. Агар он бозича барои инкишофи равонӣ ва ҷисмонии кӯдак мусоидат намекарда бошад, пас сабаби нахаридани маҳз ҳамон бозичаро барояш фаҳмонида, интихоби алтернативиро пешниҳод намоед. Ба ҷойи бозичаи беҳуда интихоби як бозичаи дигари фоидабахшро таклиф намоед. Дар ин ҳолат кӯдак фарқ карда тавонистани “хуб ва бад”, аҳамияти интихоб карда тавонистан ва ба фикру пешниҳоди волидайн эътимод доштанро меомӯзад.

Ва аз ҳама муҳим, ҳаргиз аз хотир набароред, ки эътимод ва эҳтироми кӯдакро ашёву бозичаҳо не, балки таваҷҷӯҳи самимии волидайн ба даст меоварад.


Нобаробар тақсим намудани муҳаббат байни фарзандон

Нақши бозича дар ҳаёти кӯдак

Кӯдакро ҳаргиз паст назанед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s