Дар тиби халқӣ зағир барои табобати бисёрe аз бемориҳо дар шакли қиём ё нӯшоба истифода мешавад. Дар хӯрокҳо бошад ҳамчун иловагии бой аз кислотаҳои чарбуи фоиданок истеъмол мешаванд. Орди онро дар пухтупаз, дар хӯрок ва хӯришҳои гуногун илова мекунанд. Либосҳои аз матои тухмии зағир омодашуда дар маросимҳои намоиши муд ҷойҳои намоён мегиранд. Ҳатто дар саноати сохтмонӣ аз нахҳои зағир истифода мебаранд.
Мутахассисон ҷанбаҳои зиёди муфиди ин растаниро муайян кардаанд ва омӯзишҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам идома доранд. Хостем якчанд хосиятҳои фоидабахши ин растаниро пешкаш намоем.
– Донаҳои зағир баданро аз токсинҳо тоза карда, паразитҳоро берун мекунанд;
– Моддаи пектин ва ғоз (селюлоза), ки дар таркиби зағир мавҷуданд, хусусияти бо ҳам часпонидани металҳои вазнинро доранд. Махсусан пектин аз микрафлораи рӯдаҳо токсин ва маводҳои заҳролудро ба худ ҷабида безарар аз бадан берун мекунад;
– Миқдори кислотаҳои чарбу дар таркибаш хеле баланд аст, ки ин барои рушду инкишофи тамоми бадан ва кори муътадили системаи дилу раг муҳим аст. Масалан, Омега‐3 ба тунукшавии хун мусоидат карда, тромбозу атеросклерозро бартараф ва бемориҳои системаи дилу рагро пешгирӣ мекунад;
– Норасоии моддаи селен, ки ба аҳолии шаҳрҳои калон хос аст, бо истифодаи донаҳои зағир бартараф карда мешавад. Ин элемент барои инсон хелел муҳим буда, хатари хуруҷи бемориҳои дилу раг ва саратонро коҳиш медиҳад;
– Донаҳои зағир аз витамини В ва леситин бой аст. Онҳо муҳофизи хуби ҳуҷайраҳои асаб буда, саломатии рӯҳии инсонро таъмин ва ҳолатҳои рӯҳафтодагию афсурдаҳолиро пешгирӣ мекунанд.
– таҳияи Достиев Неъмат