Агар ҳамарӯза танҳо 4 дона бодом хӯрем

Баъзе аз маҳсулот дар баробари болаззат буданашон боз хосиятҳои шифобахшро низ дороанд. Табибон барои ҷоннок нигоҳ доштани бадан ва беҳдошти саломатӣ ҳамарӯза истеъмоли на кам аз 4 дона бодомро тавсия медиҳанд. Бодом аз витамину элемнетҳои барои саломатӣ ва зебоии инсон муҳим хеле бой аст.

Бодом яке аз 5 маҳсулоте мебошад, ки сатҳи холестерини “бад”‐ро дар хун поён мекунад. Аломатҳои ин мушкилӣ пайдо шудани доғҳои сафед дар пилкҳои поёнии чашм, дард дар пойҳо ва сафедшавии барвақти мӯйи аст. Дар таркиби мағзи бодом қариб тамоми минералу витаминоҳои барои ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини зебоии муйи сар зарур мавҷуданд. Магний ва руҳ (синк) рушди муйро таъмин мекунад, токоферол онро мустаҳкам карда, витаминҳои гуруҳи B бошанд ба онҳо ҷилою тароват мебахшанд.

Пешгирии бемориҳои қалб

Антиоксидантҳо, кислотаҳои чарбуӣ, магний ва миси дар таркиби бодом мавҷудбуда ба кори системаи дилу раг қувват мебахшанд. Табибон бо мақсади пешгирии бемориҳои дил ҳамроҳи пӯст хурдани бодомро тавсия медиҳанд.

Пешгирӣ аз ожангҳо

Дар донаҳои бодом моддаи манган (марганетс), ки барои истеҳсоли коллаген мусоидат мекунад, фаровон мавҷуд аст. Коллаген пӯстро ҷоннокӣ ва тарангӣ мебахшад. Витамини Е ҳамчунин пиршавии пӯстро коҳиш медиҳад.

Микрофлораи солим

Пӯсти мағзи бодом дорои элементи муҳиме мебошад, ки ҷиҳати тавлид ва рушди бактерияҳои фоиданок дар рӯдаҳо мусоидат мекунад. Табибон ҳангоми бемории дисбактериоз истеъмоли бодомро тавсия медиҳанд.

Харобшавӣ

Дар натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, онҳое, ки давоми рӯз бодом истеъмол мекунанд, ҳоҷат ба истеъмоли маҳсулоти қаннодӣ ва хамирӣ камтар пайдо мекунанд. Дар навбати худ чунин ҳолат барои харобшавӣ мусоидат мекунад.

Беҳтаршавии кори майнаи сар

Истеъмоли мунтазами бодом ба туфайли токоферол ва кислотаҳои чарбуи таркиби он, кори майнаи сарро беҳтар мекунанд. Инчунин мағзи бодом метавонад пиршавии майнаи сарро ба таъхир андозад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Чӣ тавр аз моддаҳои зарарноки дар таркиби сабзавот ва мева мавҷудбуда халос шуд?

Фоидаҳои донаи зағир

Хатари маҳсулоти мағоргирифта

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s