Коғази сафеди кӯчак

Издивоҷ чун коғази кӯчаки сафеде оғоз мешавад. Як зану як мард барои чизе навиштан ба ин коғаз ба қароре меоянд. Вақте навиштанро оғоз мекунанд, ҳар ду ҳам дарк мекунанд, ки ба кори муштарак оғоз кардаанд. Ҳар яке зеботарин ҷумларо менависад, зеботарин расмро мекашад. Баъзан зан бисёр навишта, бисёр тасвир мекунад, баъзан мард. Баъзан ҷонибҳо фикр намекунанд, балки қалам худ сиёҳ мекунад коғазро. Баъзеашон хеле нозук фикр карда, сипас менависанд. Баъзеашон ҳеҷ фикр накарда, коғазро сиёҳ мекунад. Бархе қаламро бо диққат ба даст гирифта, эҳсосашонро рӯйи коғаз мерезанд.

Чун навиштану расм кашидан идома ёфтан мегирад, ҷонибҳо хаста шуданашонро ҳис мекунанд. Мешавад, ки гоҳо шавқу завқи навиштанашон мепарад. Боз баъди чанде бо ҳаяҷони тоза ба навиштан сар мекунанд. Ин қарори муштараки онҳост, ки барои бунёди оила ва давомнокии издивоҷ дода буданд.

Чун хоҳиши навиштану кашидан ҳаст, дар коғаз ҳам ҷой барои навиштан пайдо шудан мегирад ва боз расмкашии ҷонибҳо давом меёбад. Ин рангуборкунӣ, агар ранги қалами яке аз ҷонибҳо тамом шавад ҳам, идома ёфтан мегирад. Яъне, агар яке аз онҳо тарки ҳаёт кунад ҳам, нафари дар ҳаётбуда қисматҳои то ҳол холимондаи коғазро пур мекунад.

Навиштани ин коғаз чанд қоида дорад: бояд ҳар ду тараф нависанду хат бикашанд. Агар яке аз онҳо навиштанро партояд, яъне, тарки навиштан кунад, ба таври автоматӣ қалами дигарӣ аз навиштан мемонад, шавқаш тамом шуда, зуд монда мешавад.

Инчунин, ҳар кас бояд бо ҳусни хати худаш нависад. Набояд яке аз ҷонибҳо аз дигараш чашмдор шавад, ки навиштаи ҳамроҳаш ба навиштаи ӯ монанд бошад. Ё ки ба ҳусни хати дигараш тақлид накунад. Барои пур кардани коғаз ҳар кас бояд “худ” бошад.

Чунин ҳам мешавад, ки навиштаи яке аз ҳамсарон чандон хушрӯ намеояд. Расми кашидаи вай чандон босифат нест. Аммо ҳамсараш набояд барои ин ғусса хӯрад. Агар рафта-рафта ба ҳамсаратон навиштаи шумо хуш наомад, метавонед онро пок карда, аз сари нав навиштан оғоз кунед. Яъне, чун менависед ва коғаз ҳанӯз пеши шумост, мушкиле надорад.

Аммо ҳангоми тоза кардани навиштаи худ ё навиштаи ҳамсаратон коғазро дарондед, пас муҳаббат ва иртиботатонро аз байн мебаред. Аз ин рӯ, шумо ҳар қадар зебо навишта бошед ҳам, ҳар қадар зебо тасвир карда бошед ҳам, ҷои даридаи хурди коғаз асло пайванд намешавад. Ҳамон хел боқӣ хоҳад монд. Чунки ин муносибатро бо ду сармояи муқаррарӣ оғоз кардед. Яке қалам, яъне ҳаёти шумо, дигар коғаз, яъне, муҳаббататон – воситае, ки тавассуташ ҳаётатонро муштарак мебаред. Шумо бо қаламатон ҳар қадар сиёҳ кардан хоҳед, кардан гиред, аммо асло коғазро зарар нарасонед.

Қаламатон набояд “тира” шавад, ишқатон набояд, ки “бидарад”. Зеро хатоҳои рӯйи коғаз, камбудиҳо, безебию сиёҳиҳо аслан боке надоранд. Балки мушкил вақте сар мезанад, ки мо коғази тамоми хатоҳо, тақсиру камбудҳоямон бардоштаро медаронем.

Аз ин пас баъзеҳо коғазро тамоман даронда, шарикиашонро хотима мебахшанд. Баъзеҳо ба даридани коғаз диққат надода, менависанд. Дере нагузашта, мефаҳманд, ки навиштаҳои навашон пештара барин солиму тозаанд…

Пас, ҳоло ки ранги қалам тамом нашудааст, коғазро ҳам надаронда, навиштанро идома додан даркор.

– Башир Усмон


Нигоҳи наве ба ҳаёти оила

Занҷирро машикан!

Амалиёти ҷарроҳӣ дар солгарди издивоҷ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s