Рафтори мусбати кӯдакро қадрдонӣ намоед!

Агарчанд фарзанд ҳамарӯза аз пайи иҷрои корҳои мусбат мебошаду ахлоқ ва рафтораш хуб аст, волидайн ҳеҷ гоҳ аз таҳсин кардани амал ва гуфтори неки кӯдак дур наистанд. Зеро кӯдакро таҳсин гуфта, дар ҳаққаш суханҳои нек сарф кардан, барои ташвиқи доимӣ дар ҷодаи накӯкорӣ ва тарбияи амалҳои мақбул дар кӯдак мусоидат хоҳад кард. Чунин таваҷҷӯҳи волидайн ӯро боз ҳам такмил медиҳад.

Вале мувозинати таҳсин гуфтан ва изҳори муҳаббат карданро бояд нигоҳ дошт. Яъне танҳо пас аз иҷро кардани амали хуб кӯдакро таҳсин гуфта, изҳори муҳаббат кардан, метавонад дар вай ҳисси духӯрагиро пайдо кунад. Ҳамин тавр кӯдак метавонад гумон кунад, ки волидайн ӯро танҳо барои амалҳои хубаш дӯст медоранду халос. Аз ин рӯ на танҳо бо сабаби иҷрои амали нек ё сухани хуш, балки ҳар доим замони муносиб ёфта, изҳори муҳаббат кунед. Рушди солими кӯдак ба муҳити мусбат ва фазои пуршафқати хонавода вобаста аст.

Вагарна кӯдак ҳар вақте амали ноҷо кунад, доим метарсад, ки ҳамакнун волидайн аз ӯ нафрат хоҳанд карду минбаъд ӯро азиз нахоҳанд дошт. Кӯдак бояд донад, ки ба ҳар ҳол волидайн ӯро дӯст медоранду ҳангоми мушкилӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

Ногуфта намонад, ки таҳҳсингӯиҳои бемаврид метавонанд акси ҳолро ба миён оранд. Ин навъ таҳсингӯиҳои бемаврид метавонанд дар кӯдак шахсияти ноустувор ва бемасъулро тарбия диҳанд.


Коғази сафеди кӯчак

Кӯдакро ҳаргиз паст назанед!

“Не!” гуфтанро омӯзед

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s