Эҳсосӣ, фаъол ва проактив

Малака ва хусусиятҳои беҳамтои инсонӣ метавонанд башариятро дар садри тамоми мавҷудоти олам ҷойгузин кунанд. Дар баробаи такмил додан ва рушд кардани он малакаҳо зарфият ва потенсиали нодири башарӣ аз худ дарак дода, касро аз мақоми малоик ҳам волотар шараф мебахшад. Ангеза ва соиқи асосии чунин ҳолат ҳаққи озодии интихоб аст. Бинобар ин неъмат инсон фаъолтар гашта, умури рӯзмарраашро ба низом медарорад.

Заминаи шуур ва адаби озодии интихобро худшиносӣ, тахайюл, виҷдон ва иродаи озод ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр кас бо кӯмаки фишангҳои мазкур аз савияи вуҷуди ғайрифаъол (passive) ё эҳсосӣ (reactive) ба савияи вуҷуди фаъол (active) ва аз он ҷо бошад ба нафари фаъолтар (proactive) мубаддал мегардад. Мафҳуми фаъолтар аз мафҳуми фаъол маъно ва масъулияти бештарро касб мекунад. Бинобар вуҷуди ирода инсон масъул ва ӯҳдадори ҳаёти худ аст. Аз ин рӯ самту кайфияти рафторҳои моро муҳит шакл надода, дар асл қарорҳои гирифтаамон муайян мекунанд. Вале дар ҳар нафар он ба таври гуногун зуҳур меёбад.

Нафарони фаъолтар (проактив) ҳаргиз масъулиятгурезӣ намекунанд. Онҳо ҳаргиз амал ва қарорҳои хешро бо баҳонаи таъсири муҳит ё вазъи ногувор пӯшиш намедиҳанд. Нафарони проактив мудрики онанд, ки рафтор ва атвори онҳо маҳсули озодии интихоби шахсияшон аст. Аз ин рӯ онҳо дарк мекунанд, ки маҳсули чунин интихоб на дар заминаи рафтори эҳсосӣ ва таъсири муҳит, балки бинобар меъёри арзишу принсипҳои шахсияшон ба миён омадааст.

Малакаи бинобар арзишҳои волои башарӣ ром карда тавонистани рафтор ва қарордиҳии эҳсосӣ яке аз ҷанбаҳои фарқкунанда ва муҳими шахсияти проактив аст. Нафарони эҳсосӣ (реактив) бошанд, бештар мутеъи эҳсосот, таъсири муҳит, вазъи мавҷуда ва атрофиёни хеш ҳастанд. Мушаввиқи амалу рафотрҳои нафарони проактив арзишҳо ва сифатҳои олии инсонӣ мебошанд, ки бо эътинои зиёд дар натиҷаи меҳнати гарон ва таҷрибаи мумтоз ташаккул ёфтаанд. Нафарони эҳсосӣ, ғайрифаъол ва ё нисбатан фаъол доим дар интизории фурсати муносиб ҳаётро паси сар намуда, худро бо баҳонаҳои зиёд иҳота мекунанд. Вале нафарони проактив дар ҳоли интизорӣ назиста, фурсати муносибро бинобар қонуниятҳои илоҳиву башарӣ фароҳам мекунанд.


Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s