Либос ва саломатии кӯдак

Барои саломатии пӯсти бадан интихоби либос хеле муҳим аст. Хусусан, вақте ки барои кӯдакон либос интихоб мекунед, эҳтиёткор ва бодиққат бошед.

 Ба волидайн тавсия дода мешавад, ки ҳангоми харидани либос барои кӯдакон боэҳтиёт бошед, зеро ин ба саломатии фарзанд муҳим аст. Бештар либосҳоеро интихоб намоед, ки аз нахи пахта омода мешаванд. Волидайн аз харидани маҳсулоти синтетикӣ барои кӯдак дурӣ ҷӯянд.

Хусусан, пӯсти навзодон дар робита бо муҳити берун хеле ҳассос аст. Аз ин рӯ, волидайн ҳангоми харид ва интихоби либосҳои кӯдакона бодиққат бошанд. Зеро интихоби нодурусти либос, новобаста ба карру фарри он, метавонад оқибатҳои манфиро ба бор орад. Бинобар бар фасли сол волидайн кӯшиш кунанд, ки ҳамеша барои фарзанд либосҳои таркибашонро моддаҳои органикӣ, 100% пахтагин, озод аз таркибҳои кимиёвӣ, мулоим, роҳатбахш, дарзаш бошад аз  риштаҳои мулоим ва дӯхташон беруна харидорӣ намоянд. Вагарна дар пӯсти кӯдак метавонад ҳаргуна  аллергия, доначаҳо, дуруштӣ, хушкӣ, сирояти бактерияҳо ва нороҳатӣ барин мушкилиҳо ба миён оянд.

Пӯсти бадани кӯдак нозук аст. Аз ин лиҳоз пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳо ба манфиати волидайн аст. Либосҳое, ки дар фасли тобистон интихоб мекунед, барои саломатии бадани фарзандатон хеле муҳим аст. Аз он ки либосҳои зиёди бесифат харед, беҳтар аст либоса камтар, вале босифат бошад.

Инчунин, ҳангоми интихоби пойафзол низ бояд ба сифат ва маҳсулоти омодашудаи он  диққат дода шавад. Асос он аст, ки пойро озор надиҳад ва ҳадди ақал  0.5-1 см аз нӯги пой ҷои холигӣ дошта бошад. Аз солҳои аввали ҳаёт интихоби солим, яъне интихоби пойафзолҳои нарм хеле муҳим аст. Зеро ин барои инкишофи мушакҳои пойи кӯдак мусоидат мекунад. Побараҳна гаштани кӯдак дар болои хок ва қум барои рушди мушакҳои ӯ хеле муфид аст. Мувофиқи тавсияҳои духтури ортопедӣ, дар муҳити хона пойлуч гаштани кӯдак, дар соли аввали ҳаёт муфид ва муҳим аст.

Дар шустушӯ аз оби пок ва собун истифода намоед!

Ҳангоми шустушӯ кардани либоси кӯдакон ба сифати собун ва об диққати махсус дода шавад. Имрӯз аллакай дар ҳамаи либосҳо дастур барои шустушӯ кардани либос қайд ва ишора гаштааст. Аз ин рӯ пеш аз шустани либос бо он дастур шинос шавед. Ҳамин тавр доир ба дарзмол кардани либос низ қайдҳои лозима мавҷуданд. Риоя намудани меъёри ҳарорати шустушӯ ва дарзмол кардани либос сифат ва умри либосро дароз мекунад.

Ҳангоми харидани либос, диққат:

– Маҳсулоти харидамешуда 100% аз нахи пахта омода шуда бошад. Бахусус ҳангоми интихоб ё дӯхтани курта барои духтарчаҳо аз матоҳое, ки бадани кӯдак дар он нафас намекашад, дур истед. Бо сабаби ҳаваси хоми волидайн бадани кӯдак озор набинад;

– Аз харидани либосҳои танг, бахусус барои духтарчаҳо, ҳазар кунед. Либоси кӯдак барои баданаш бояд роҳат бошад;

– Либосҳое, ки метавонанд дар кӯдак боиси пайдо шудани аллергия шаванд, нахаред. Масалан, ба тифлони навзод ва кӯдаконе, ки мубталои нафастангӣ мебошанд, матоъҳои серпашм метавонанд ба саломатиящ осеб расонанд;

– Барчаспҳое,  ки дар паси гардан ҷой гирифтаанд, кӯдаконро нороҳат мекунанд. Аз ин рӯ либосҳоеро интихоб намоед, ки тамғакоғазаш болои худи матоъ чоп шудааст;

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s