5 амали мамнуъ баъд аз хӯрдани хӯрок

Ҳаммом кардан

Баъд аз истеъмоли хӯрок дарҳол ҳамом кардан нашояд, зеро ҳарорати бадан баланд мешавад. Барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати он организм нисбат ба ҳолати муқаррарӣ хуни зиёдро гардиш медиҳад. Ин вазъ барои ҳазми хӯрок монеа шуда, дар аксар ҳолат зардаҷӯшро ба миён меорад. Ба ин хотир табибон баъд аз 30 дақиқаи тановули хӯрок ба ҳаммом даромаданро тавсия медиҳанд.

Чой ё қаҳва нӯшидан

Мо одатан ҳангоми ғизо хӯрдан чойро ҳам пайваста менӯшем. Аммо табибон аз ин одат даст кашиданро тавсия медиҳанд. Онҳо исбот намудаанд, ки ҳангоми истеъмоли хӯрок нӯшидани чой ба организм зарар мерасонад. Чой ҳамаи он унсурҳои барои организм заруриро, ки дар таом мавҷуданд, шуста мебарад ва барои ҳазм кардан ҳам монеа мешавад. Махсусан нафароне, ки бемории камхунӣ доранд, инчунин кӯдакон ва занҳои ҳомила бояд диққати махсус диҳанд. Бо шиками гурусна нӯшидани қаҳва зарар ба организм аст. Агар бе нӯшока хӯрок хӯрда наметавониста бошед, қаблан як пиёла об нӯшеду саломатиро ҳифз кунед. Чой ё қаҳваро баъд аз 1 соати хӯрокхӯрӣ истеъмол намоед.

Хоб кардан

Аллакай исбот шудааст, ки баъди истеъмоли хӯрок хоб рафтан, инсонро фарбеҳ мекунад, ё гирифтори сактаи майнаи сар месозад. Ба ин хотир муҳаққиқон баъд аз истеъмоли хӯрок хоби фавриро тавсия намедиҳанд. Ин ҳолат метавонад зардаҷӯшро ба миён орад. Баъд аз ду соати хӯрокхӯрӣ хоб кардан, роҳати ҷон аст.

Тамоку кашидан

Ҳангоми истеъмоли ғизо тамоку кашидан зарари никотинро дучанд карда, таъсири он ба организм зиёд мегардад. Ғайр аз ин тамоку имкон намедиҳад, ки витаминҳои С ва D дар организм ҷорӣ гардад. Роҳи мақбул аз ин навъ одати манфур даст кашидан аст. Вале агар нисбат ба тарки ин одат заифирода ҳастед, пас ҳадди ақал баъди тановули хӯрок организми худро 30 даққиқа аз дуди тамоку эмин нигоҳ доред.

Бо варзиш машғул шудан

Баъди тановули хӯрок дарҳол бо варзиш машғул шудан, инсонро ба дилбеҳузурӣ, ҳиккак, зардаҷӯшӣ оварда мерасонад. Бо меъдаи сер бо варзиш машғул шудан, касро табларза низ мекунад. Аз ин сабаб, бо шиками сер каме пойи пиёда гаштан ва ё баъди ду соати хӯрокхӯрӣ бо варзиш машғул шудан, ба манфиати кор аст.

– таҳияи Ризоева Лола


 

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s