“Кӯдак аст!”, гуфта дандонҳояшро сарфи назар накунед!

Волидон бештари вақт ба як масъала камтар аҳамият медиҳанд, ё агар аҳамият диҳанд ҳам, хеле сатҳӣ ва саҳлангорӣ мекунанд. Ин масъалаи ҳифзи саломатии дандонҳои кӯдакон аст. Дандон баровардани кӯдак ҳолати маъмулӣ аст. Вале гоҳо дандонҳои онҳо дуруст намебароянд, каҷ ё рӯи лабашон ҷаста берун мешаванд. Дар ин ҳолатҳо волидон ба ҷои он ки ба кӯдак таваҷҷӯҳи бештар намоянд, мегӯянд: “Кӯдак аст, ҳоло ин дандонҳояш афтида, дандони нав ва дуруст мебарорад”. Вале дандонпизишкон огоҳ мекунанд, ки агар дар дандонҳои ширӣ мушкилие мавҷуд бошад, эҳтимоли зиёд он мушкилӣ ба дандонҳои асосӣ низ мегузарад. Аз ин рӯ барои пешгирӣ намудани ин мушкилот, якқатор тавсияҳоро ба Шумо мерасонем:

Аввалин муоинаи дандонҳо кай бояд анҷом дода шавад?

Дандонҳои ширии кӯдак дар 6‐8 моҳагӣ мебароянд. Баробари пайдо шудани онҳо марҳилаи тозакунӣ низ шуруъ мегардад. Дар сурати вуҷуд надоштани ҳолатҳои ғайритабиӣ аввалин муоинаи дандонпизишк то 2-солагӣ анҷом дода шавад. Кӯдакон аз синни 2 ё 2,5-солагӣ бояд шустани дандонҳоро шуруъ кунанд. Камтарин мушкилии дандонҳоро сарфи назар накарда, ба табиб муроҷиат кардан лозим аст.

Агар кӯдак аз дандопизишк метарсида бошад?

Тарси кӯдакро гуфтугӯи падару модар ё хешону наздикон дар бораи табибони дандонпизишк, ваҳм ё хотираҳои нохӯуши онҳо бедор мекунад. Агар волидайн ба фарзанди худ фаҳмонида тавонанд, ки баъди муоина дарди дандонҳояш нобуд ва пас аз табобат ӯ хушҳол мешавад, зиёрати табиб барои кӯдак осонтар хоҳад буд.

Чӣ тавр одати дандоншӯиро касб кунонем?

Дар ин кор падару модар бояд намуна бошанд. Кӯдак вақте мебинад, ки дар хона ин амалро калонсолон иҷро мекунанд, ба он зудтар одат мекунад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Рафтори мусбати кӯдакро қадрдонӣ намоед!

Либос ва саломатии кӯдак

“Не!” гуфтанро омӯзед

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s